-ТАБРИКОТИ
РАИСИ НОҲИЯ БАХШИДА БА МУНОСИБАТИ 34-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Истиқлолият бузургтарин ва пурқиматтарин дастоварди давлату миллати тоҷикон, муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик, шарафу номуси миллат, рамзи саодат, соҳибихтиёрии миллӣ, пойдориву рамзи давлату миллат мебошад. Чӣ тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд: “Вазифаи виҷдониву инсонии ҳар яки мост, ки истиқлолу озодии давлати тоҷиконро чун неъмати муқаддаси ҳаётамон ва мисли гавҳари бебаҳои зиндагиамон гиромӣ дорем ва барои ҳимояи он ҳамеша омода бошем”.
Ин неъмати бебаҳо моҳи сентябри соли 1991 расман Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон рӯз то ба имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик рӯзи муқаддас ба ҳисоб меравад.
Бо шарофати соҳибистиқлол гаштани кишварамон, Тоҷикистон соҳиби рамзҳои давлатӣ-Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Конститутсия ва пули миллӣ гашта, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақилу баробарҳуқуқ эътироф гардид.
Хотиррасон бояд намуд, ки дар бинои пурҳашамати таърихии Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров моҳи ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро баровард, ки ба дастовардҳои минбаъдаи кишвар алоқамандии ҳамаҷониба дорад, ки аз рӯзи Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барӯманди халқи тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми самтҳои ҳокимият асосҳои ҳаётан муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангии кишвар дар ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Самараи Истиқлол он аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳпарвару сулҳофар шинохта шуд. Мо бояд аз ин неъмати бебаҳои истиқлол шукргузор бошему барои боз ҳам ободу зебо гардидани Ватани азизамон кӯшиш намоем.
Мардуми шарифи ноҳияи Шаҳристон дар ҳамаи самтҳои ҷомеа намунаи баланди ватандӯстӣ нишон дода, бо заҳматҳои ҳамарӯзаи худ саҳмгузори рушду нумӯъ ва шукуфоии Тоҷикистони азиз ва фардои дурахшони ноҳияи овозадори Шаҳристон мебошанд.
Барои рушду нумуъ ва дастовардҳои дар тӯли 34-соли Истиқлоли давлатӣ ба дастомада саҳми шахсони барӯманд, абармардон, раисони ноҳия, кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони корхонаву ташкилотҳои ноҳия, сардорони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва саховатмандону соҳибкорон хеле назаррас мебошад.
Аз лаҳзаҳои аввали пойдор гаштани Истиқлолияти давлатӣ фаъолияти бонизоми соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ амалӣ гардид. Яъне дар ноҳия ба истифода додани якчанд муассисаҳои таълимӣ барои хонандагону омӯзгорон шароити мусоид фароҳам овард, ки онҳо аз илмҳои дақиқу риёзӣ дар арсаи ҷаҳонӣ барои иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалӣ имкон пайдо намуданд. Дар ин давра иштироки фаъоли хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар олимпиадаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ хеле назаррас мебошад. Барои онҳо стипендияҳои Президентӣ ва Раиси ноҳия низ муқаррар карда шуда, хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фуруғи маърифат” ва “Тоҷикистон-ватани азизи ман” иштироки фаъолона намуда истодаанд. Дар ноҳия ба истифода додани якчанд биноҳои муассисаҳои таълимӣ, ошхонаҳо, кӯдакистонҳо, майдончаҳои варзишӣ ва синфҳои иловагӣ яке аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.
Соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба шумор рафта, дар даврони Истиқлоли давлатӣ бомаром рушд карда, то ба имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардида истодааст. Дар соҳаи тандурустӣ мутахассисони варзида кору фаъолият доранд, ки ҳамарӯза барои мардум хизмат намуда истодаанд. Ҳуҷраҳои тиббӣ бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, то ба имрӯз корҳои сохтмонии муассисаҳои тандурустӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ дар ноҳия бо маром идома дошта, то ба ҷашни бузурги миллии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра мавриди истифодабарӣ қарор дода мешавад.
Инчунин дар соҳаи кишоварзӣ низ дастовардҳои зиёд ба чашм мерасад. Дар ноҳия имрӯзҳо шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ зиёд гардида, барои кишти маҳсулотҳои босифати кишоварзӣ ҳамарӯза кӯшиш намуда, аз қитъаи заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ ва хоҷагии деҳқонӣ босамар истифода намуда, барои рушду нумӯи соҳаи кишоварзӣ саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ нақши занону бонувон дар ободиву созандагии ноҳия мавқеи хоса дорад. Айни ҳол шумораи умумии занон дар ноҳия 24900 нафарро ташкил намуда, 15000 нафари онҳо қобили меҳнат мебошанд. Дар байни онҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда занони сиёсатмадору ташаббускор фаъолият намуда, барои маданияти оиладориву маърифати хонадории ҷавонон ва таҳкими пойдории сулҳу субот ҳамеша омода ҳастанд. Имрӯзҳо аз ҳисоби занҳои фаъоли ноҳия ҳамарӯза дар байни сокинони деҳот мулоқоту вохӯриҳо вобаста ба масъалаҳои мубрами рӯз доир гардида истодааст, ки барои гирифтани пеши роҳи бегонапарастӣ ва фарҳанги бегона мусоидат менамояд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ноҳия бунёд гардидани якчанд муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, фарҳангиву фароғатӣ, муассисаву ташкилотҳо ва ошхонаву мағозаҳои хизматрасонӣ яке аз дастовардҳои ин даврон ба ҳисоб меравад. Бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 192 адад иншоотҳои ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, то ба имрӯз 100 фоиз иҷро гардид. Ин ҳама маҳз бо дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шумо мардуми меҳнатдӯстӣ ноҳияи Шаҳристон мебошад.
Аз фурсати муносиб истифода бурда миннатдории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро ба шахсоне, ки барои ободониву бунёдкории ноҳия сафарбар намуданд, мерасонам.
Дастовардҳои даврони соҳибстиқлоли маҳз бо саъю талошҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ҳамеша барои пойдору мустаҳкам нигоҳ доштани ин неъмати бузург кӯшиш намоем ва нагузорем, ки ба мулки Тоҷикистони азиз зиёне бирасад. Ҳамеша ҳушёриву зиракиро аз даст надода, муҳофизаткунандаи имрӯзу фардои миллати хеш бошем.
Мо бояд ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем ва ҳамаи кӯшишу имкониятҳои худро ба хотири рушди давлатамон ва ободии сарзамини аҷдодиамон равона созем ва ҷавононро дар руҳияи инсондӯстиву ватанпарастӣ, ҳувияти миллӣ ва хештаншиносӣ тарбия намоем. Зеро маҳз ҷавонон номбардорони ояндаи миллати мо мебошанд.
Бори дигар 34-солагии ҷашни муқаддасу бузурги Истиқлоли давлатиро ба мардуми сарбаланди ноҳияи Шаҳристон табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо тани сиҳату хотири ҷамъ, саодати зиндагӣ, рӯзҳои осоиштаю пурбаракат дар фаъолияти минбаъдаатон баҳри саҳмгузорӣ ва устувории пояҳои Истиқлоли давлатӣ муваффақиятҳо орзу менамоям.
Сиҳатманду сарбаланд бошед!