-ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИСТОН
Роҳ пайвандгари дилҳо!
Дар ноҳияи Шаҳристон имрӯзҳо баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сазовор истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию бунёдкориҳо бо маром идома дорад.
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон ва саҳмгузории сокинони бо нангу номуси деҳаи Навкенти ҷамоати деҳоти Бунҷикат 3 км роҳи марказии деҳаи Навкент мумфарш ва кӯчаҳои деҳа чароғон карда шуд.