ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИСТОН

Чоп

 

-ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИСТОН
27.06.2025сол н.Шаҳристон
Дар асоси ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд санаи 27 июни соли 2025 соати 18-00 дар майдони Парчами давлатӣ чорабинии идона бахшида ба 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.
Дар маркази ноҳия ва назди ташкилоту корхонаҳо шиору овезаҳо вобаста ба ҷашн ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон насб гардида, маркази ноҳия рамзи идона гирифт.
Дар чорабинии мазкур ҳамроҳии Раиси ноҳияи Шаҳристон муҳтарам Ғафурзода Рабим, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷабзода Ҳайдаралӣ Раҷабалӣ ва сардори Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муҳтарам Азамат Азимӣ иштирок намуда, табрикоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристонро ба самъи мардуми ноҳияи Шаҳристон расониданд. Дар чорабинии идона ба якчанд нафар кормандони касбу кори гуногун ва иштирокчиёни сохти конститутсинонӣ Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон супорида шуд.
Пас аз қисми расмии чорабинӣ барномаи фарҳангии омоданамудаи аҳли фарҳанги ноҳия пешкаши ҳозирин гардид.
28 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Шаҳристон бо як шукӯҳу шаҳомати хос баргузор гардид.