ПАЁМИ табрикии раиси ноҳияи Шаҳристон Ғафурзода Рабим ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Чоп

ПАЁМИ
табрикии раиси ноҳияи Шаҳристон Ғафурзода Рабим ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Ҳамдиёрони азиз!

Мардуми ватандӯсти ноҳияи Шаҳристон 28 солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ба Шумоён табрику таҳният гуфта, бароятон сиҳату саломатӣ, саодату сарбаландӣ ва дастархони фаровонро таманно дорам.
Маҳз, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату якдигарфаҳмӣ ба мардуми Тоҷикистон дар натиҷаи саъю талошҳои шабонарӯзии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.
Халқи тоҷик дар марҳилаи нави тақдирсоз симои роҳбари худро дар шахсияте медид, ки он бевосита аз байни халқ баромада, барои халқ дар шароити ноором фаъолияти пурмасъулро ба зимма гирифта тавонад.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун вакили халқ ҳамеша барои нигоҳ доштани истиқлолияти давлатӣ ва барқарор сохтани ваҳдати миллӣ саҳми назаррас гузошт.
Ҷанги шаҳрвандӣ, ки аз тарафи роҳбарони ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ва хоҷагони хориҷии онҳо, яъне хоинону душманони халқи тоҷик ва давлати тозаистиқлоламон рух дод, боиси ҳалокати беш аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон гардид.
Хушбахтона бо талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи тоҷик муяссар шуд, ки дар муддати кӯтоҳ пеши роҳи низои даҳшатноки дохилӣ гирифта шуда, барои интихоби низоми давлатдории муосир ва рушди мамлакат шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
Мардуми соҳибмаърифату сулҳҷӯи мо таҳти парчами ваҳдату ягонагии миллат ба ҳам омада, ваҳдати миллиро ҳамчун омили асосии пешрафти ҷомеа пазируфтаанд ва барои ҳифзу таҳкими ин арзиши гаронбаҳо то ба имрӯз бо камоли ғайрату матонат ва азму иродаи қавӣ талош варзида-истодаанд.
Самараи ваҳдат аст, ки ноҳияи Шаҳристон дар муддати 28 соли Ваҳдати миллӣ ободу зебо гардида, иншоотҳои гуногун, ба монанди майдони Парчами давлатӣ дар маркази ноҳия, Қасри фарҳанг, бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, бинои муассисаи давлатии «Хоҷагии ҷангал»-и ноҳия, бинои шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, бинои ҳифзи муҳити зист, бинои маркази саломатӣ дар деҳаи Себзор, толори варзишӣ дар деҳаи Ваҳдат, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 дар деҳаи Ободӣ ва биноҳои маишию хизматрасонӣ сохта, ба истифода дода шудаанд.
Боварии комил дорам, ки мо бо якдилию ҳамдигарфаҳмӣ барои ҳифзи ваҳдати миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол тамоми имкону шароитҳоро истифода бурда, барои баланд бардоштани фарҳанги хонаводагӣ ва таҳкими оила, сарсабзу гулзор намудани диёрамон кӯшиш мекунем, зеро қудрати мо дар ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстӣ, бародарӣ ва Ваҳдат аст.
Дар яке аз баромади худ Пешвои миллат қайд карданд, ки “Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад”.
Аз ин лиҳоз, ҳамаи мо вазифадорем, ки барои нигоҳ доштани сулҳу субот ва тинҷиву оромӣ саҳм гузошта, пайрави асили Пешвои миллат бошем.
Дар ин ҷода бори дигар ҳамаи Шумоёнро ба ифтихори рӯйдоди таърихӣ ва тақдирсоз Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик намуда, дар амалҳои неку созанда ба ҳамаи мардуми диёр барори кор орзу менамоям ва хоҳони онам, ки бигзор дар Ватани азизамон ваҳдати устувор, сулҳу суботи ҷовидонӣ ва дар ҳар хонадон шодиву сурур ва файзу баракат ҳамешагӣ пойдор-бошад.
Ҷашни фархундаи Ваҳдати миллӣ муборак!