ИҶЛОСИЯИ ДУЮМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ШАҲРИСТОН ДАЪВАТИ ҲАФТУМ

Чоп

 

-ИҶЛОСИЯИ ДУЮМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ШАҲРИСТОН ДАЪВАТИ ҲАФТУМ
17.06.2025 сол н.Шаҳристон
Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳристон, даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Дар кори иҷлосия ҳамроҳии Раиси ноҳия Ғафурзода Рабим намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Азамат Азимӣ ва 35 нафар вакилони интихобшуда иштирок намуданд. Инчунин дар иҷлосия муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сардорони Раёсат , шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия ва шахсони дахлдор иштирок намуданд.
Иҷлосияи мазкур бо баррасии ҳафт масъалаи дахлдор доир гардид.