Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Шаҳристон

Чоп

Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Шаҳристон
Дар вилояти Суғд ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти бунёди кӯдакистонҳо тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.
Дар ноҳияи Шаҳристон бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода барои бунёди бинои иловагӣ дар кӯдакистони “Ғунча”- и назди шуъбаи маориф санги асос гузошта шуд.
Бинои дуошёна барои то 240 кӯдак сохта мешавад. Қобили зикр аст, ки сокинони ватандӯсти ноҳия маблағҳое, ки барои сафари Ҳаҷ ҷамъоварӣ карда буданд, ихтиёран барои бунёди иншооти мазкур сарф намуда, саҳми арзандаи худро дар ободонии маҳал ва фароҳамсозии шароити мусоид барои таълиму тарбия мегузоранд.
Раиси вилоят зимни оғози корҳои сохтмонӣ аз ташаббусҳои созандаи сокинон истиқбол карда, иброз дошт, ки мизу курсӣ ва дигар лавозимоти зарурии кӯдакистон аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дастрас хоҳад шуд.
Раиси вилоят ҳамзамон дастур дод, ки лоиҳаи бинои иловагии сеошёнаи МТМУ №18 барои 850 хонанда дар ду баст таҳия ва пешниҳод карда шавад.
Дар идома Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони ошхонаи нави МТМУ №1-и деҳаи Шаҳристон шинос гардид. Ин ошхона барои 250 нафар бо маблағгузории мақомоти маҳаллӣ ва саҳми сокинон бунёд мешавад.
Зимни мулоқот бо омӯзгорон, роҳбари вилоят аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат ёдовар шуда, зикр намуд, ки барои таълиму тарбияи насли наврас диққати махсус зоҳир мегардад.
Бояд қайд кард, ки имрӯзҳо дар ноҳияи Шаҳристон ҷиҳати беҳбуд бахшидани шароити иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон корҳои бунёдкориву навсозии як қатор иншооти таъиноти гуногун босуръат идома доранд. Аз ҷумла, дар деҳаи Саробӣ сохтмони бинои якошёнаи бунгоҳи тиббӣ бо шаш утоқи корӣ бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфтааст. Пас аз ба истифода додан, дар ин муассиса табибон ба зиёда аз 4 ҳазор нафар аҳолии деҳа хизмат мерасонанд.