ПАЁМИ табрикотии и.в. Раиси ноҳия Ғафурзода Рабим бахшида ба Рӯзи модар

Чоп

-ПАЁМИ

табрикотии и.в. Раиси ноҳия Ғафурзода Рабим бахшида ба Рӯзи модар

Муҳтарам модарони меҳрубон!

Бонувони азиз!

Фарорасии фасли баҳор ва ҷашни  Рӯзи Модарро ба кулли бонувони ноҳияи зебоманзари Шаҳристон табрик намуда, ба ҳамаи Шумо сиҳат-саломатӣ, хонаободӣ, бахту саодат ва кулли зебогии оламро таманно дорам.

Чеҳраи Зан-Модар ин баҳорест, мевааш ширин, заминест хоксор, осмонест поку равшан, офтобест нураш босафо, моҳтобест шабзиндадор, ситораест пурҷило, баҳрест ором, дарёест пурмавҷ, гулест шукуфон.

Суруди аввалине, ки ба гӯши кӯдак мерасад ва навозиш мебахшад ин суруди аллаи модар аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш вобаста ба мақому маназалти Зан-Модар чунин иброз намуданд: “Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем”.

Имрӯз занони барӯманди тоҷик чун Гурдофариду Томарису Фарангис  парчамбардорони ному нанги миллат ва шукуҳу шаҳомати кишвар ҳам дар арсаи сиёсат ҳам дар ҷодаи ба воя расонидани насли бомаърифату фозилу доно нақши муҳим доранд.

Дар ин радиф занони ноҳияи Шаҳристон низ дар ободониву созандагӣ, бунёдкориву рушду нумӯи  Ватани азизамон саҳми арзандаи худро  гузошта истодаанд.

Модарони азиз!

Соатҳо дар ҳаққи Шумоён сухан гӯям кам аст, зеро Шумо лоиқи арзандаи ҳама гуна суханҳои нек ҳастед.

Умедворам, ки дар ин соли накӯ мо бо Шумо модарону бонувони қавииродаи ноҳия ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас пешвоз менамоем.

Бовар дорам, ки бонувону занони арҷманди мо минбаъд низ ин рисолати муқаддаси худро бо сабру таҳаммули хоси модарони тоҷик иҷро карда, барои тарбияи дурусти фарзандон, ба ҳаёти мустақилона омода кардани онҳо, ҳифзи гармиву баракати хонавода ва мустаҳкам гардидани он ва баланд бардоштани мақоми оила дар ҳаёти давлат ва ҷомеа саъю кӯшиш мекунанд.

Модарони гиромӣ!

Бори дигар, бо камоли эҳтиром Шуморо аз номи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон ва шахсан аз номи худам бо ин ҷашни фархунда табрик намуда, ба аҳли оила ва наздиконатон саломативу сарбаландӣ, умри дарози пурбаракат, рӯзгори хушу хонаи обод ва дар хизмати пуршарафатон барору комёбиҳо орзу менамоям.

Бигзор, Рӯзи Модар  оғози фасли зебои сол баҳори нозанин ба ҳар як хонадони  модарону бонувони азиз хушрӯзиву саодатмандӣ насиб гардонад!

 

Ид  муборак, модарони азизу меҳрубон!