АЁДАТИ СОБИҚАДОРИ МЕҲНАТ ДАР ДЕҲАИ ИСТИҚЛОЛ

Чоп

 

-АЁДАТИ СОБИҚАДОРИ МЕҲНАТ ДАР ДЕҲАИ ИСТИҚЛОЛ
Имрӯз зимни сафари корӣ дар деҳаи Истиқлол и.в. Раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Рабим аз ҳоли собиқадори меҳнат Холмуродов Ӯрозалӣ хабар гирифтанд. Холмуродов Ӯрозалӣ тӯли фаъолияти худ дар самти кишоварзӣ кору фаъолият намуда, дар ин самт ба дастовардҳои беназир ноил гардидааст.
Айни ҳол, Холмуродов Ӯрозалӣ дар синни 98 қарор дошта, дар байни фарзандон ва наберагон даврони пирӣ меронанд.
Холмуродов Ӯрозалӣ аз ин иқдоми нек хушҳол шуда, баҳри тинҷиву осудагӣ ва пешравии давлатамон ба сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даст ба дуои нек бардоштанд.