-ВОХӮРИИ РАИСИ НОҲИЯ БО СОКИНОНИ ДЕҲАИ ТЕМУРМАЛИК!
Дар асоси Нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, имруз дар деҳаи Темурмалик, вохӯрии и.в. Раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Рабим бо сокинон баргузор гардид.
Воҳӯрии мазкур баҳри тарғибу ташвиқи Паёми Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, Қонунҳо ва Стратегияҳои давлатӣ, дастовардҳои даврони Истиқлол, беҳтару хубтар намудани сатҳу сифати таълим, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва вазифагузориҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ аз ҷумла Структураи кишти картошка, бунёди боғҳои нав, бунёди боғи ангур дар заминҳои лалмӣ, обёрии заминҳои корам ва шинонидани дарахтҳои ҳамешасабз ва сояафкан доир гардид.