Терроризм ва хатари он ба ҷаҳони муосир

Чоп
Дар ин замон муҳим нест, ки аввалин шуда кадом ҷониб ва ё кӣ даст ба истифодаи зўрии канораю щайриқонунӣ мезанад. Аҳамияти асосиро сатҳи муқовимати қувваҳои сиёсӣ ва маданияти сиёсии онҳо ташкил медиҳад. Чуноне ки таҷрибаи мамлакатҳои гуногуни олам нишон медиҳанд, дар ҳолати мазкур нерўҳои терористӣ фақат кўшиши нобуд намудани рақиби худро менамоянд.

Терроризм дар инкишофи таърихи инсоният ҳодисаҳои нав набуда, ҳанўз аз замонҳои қадим ба ин усул қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барои ҳокимият талош дошта, даст ба зўрӣ, дахшат овардан ва тарсонидани одамон мезаданд.

Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки на танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмўъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунад. Яке аз чунин зуҳурот номатлуб, хатари минтақавию байналмилалиро ба бор,дар ҳама минтақаҳои олам тамоюли паҳншавиро дорад,терроризм ва экстремизм мебошад,ки боиси таваҷҷуҳи ҳаматарафаи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон гардидааст. Ҳарчанд падидаҳои ҷойдошта мавҷди ин аср нестанд, вале дар баробари асри нав симои навро ба худ гирифта, моҳияти онҳо шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо кардааст. Имрўз ва дар оянда низ терроризм ва экстремизм ҳамчун хафноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир, ки босуръат рушд намуда истодааст, тарзу усулҳои нави истифодабариро ба худ касб мекунад. Барои мисол, дар як даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ ва экстремистӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям шудаанд. Ҳалокати ҳазорон мардуми осоиштаи сайёра, алалхусус қисми осебпазири ҷомеа занону кўдакон аз ин хатари марговар гувоҳи он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тўдаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷҳилу нотавонбин истифода мегардад.

Қайд кардан зарур аст, ки терроризм ва экстремизм боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш-таҳдид ё истифодаи зўроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тащйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, щасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Омўзгори МТМУ №13 Раҷабов Умедҷон