Чоп

БА ТЕРРОРИЗМ НАФРАТ ДОРАМ

Дар замони мо, ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост,  доир ба  афзудан ва густариши  терроризм, фундаментализм, экстремизм ва дигар зуҳуроту  падидаҳои номатлубу  хатар афзозиёд  ҳарф  мезананд ва менависанд. Истилоҳи«Терроризм» (аз калимаи лотинии«tеrrоr»)  сарчашма гирифта,  маъноаш  «Тарс ва ваҳм» аст.

Террористон мехоҳанд,  мақсаду  мароми  худро бо роҳи зўроварӣ,  куштор,  тарсу  ваҳма алӣ созанд. Террор  кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ва даҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.  Нахустин баҳсу мунозираҳо миёни мутафаккирон,  диншиносон ва баъзе уламои хуруфотпараст ва тундрави дин ҳанўз дар дунёи қадим ба миён омада, мактабу равияҳои гуногуни диншиносӣ, андешаву афкор ва осори диншиносони Ғарбу Шарқ  равшангари ин гуфтаҳост.  Сиёсати динии давлати абад қудрати собиқ шўравӣ, ки замоне Ҷумҳурии мо низ як ҷузъи таркибии он буд, бар пояи атеизм ва ҷаҳонбинии атеистӣ асос ёфта  буд.

 

Омӯзгор Хидиров Д