Чоп

Терроризм падидаи номатлуби ҷомеа

Терроризм худ падидаи номатлуби ҷомеаи навин буда,фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин аз қабили қатлу куштори инсон,ба гаравгон гирифтани одамон,тарконидани иншоотҳои гуногуни истеҳсолӣ ва маишиву фароғатӣ ,рабудани воситаҳои гуногуни нақлиётӣ ва амсоли инҳо дониста мешавад.Экстремизм бошад,хислати ҷудоихоҳӣ ,ифротгароӣ ва иғвоангизиро доро буда,терроризм алоқаи ногусастанӣ дорад.Бо тарзи дигар ,мақсад ва оқибатҳои экстремизм ин терроризм аст.Вале дар умум чунун баҳогузорӣ мебояд намуд,ки ҳарду ба истилоҳ комилан хатари калони парокандагиву бесарусомониро доро буда, оқибати басо нанговар доранд.

 

 

Воҷаи «Терроризм» (аз калимаи лотинӣ «terror») машаъ гирифта маъноаш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон меҳоҳанд мақсади мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст. Терроризм ин куштор, аҳли ҷомеаро ба эҳсоси доимии тарсу ҳарос гузоштан барин падидаҳо бошад, экстремизм ин даъват ба нооромӣ даъват ба ғасби ҳокимият аст.

Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ: «Ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмонӣ, бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад»

Омӯзгори МТМУ №13:                     Қурбонова Г.