Чоп

Толибон чи мехоҳанд.

Таърих собит менамояд, ки дар ҳама дарвру замон дар дини мубини ислом манфиатҳои мафкуравӣ  аз манфиатҳои миллӣ боло гузошта мешуд. Манфиатҳои миллӣ нақши дуюмдараҷа доранд. Аммо муносибати толибон бо халқҳо ва қавмҳои ғайрипаштунӣ собит менамояд, ки онҳо манфиатҳои тангназаронаи худро аз принсипҳои дини му3бини ислом ҳамеша ҳоло мегузоранд. Радикализми толибон дар кишвари Афғонистон , ки он ба як навъ «хокистардон» табдил ёфтааст, хатари ҷиддӣ дорад.

 

 

Беҳуқуқии халқҳо ва миллатҳои дигар, беҳуқуқии занон, ки мубаллиғони толиб амалӣ карда мешаванд, дар ҷамъияти афғон оқибатҳои вазнини иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсиро ба бор меорад. Муносибатҳои вахшиёнаи толибон ба дастовардҳои фарҳангии халқҳо ва эътиқодҳои дигар бори дигар ба он шаҳодат медиҳад, ки то кадом андоза толибон моҳияти инсондӯстонаи дини мубини исломро таҳриф менамоянд. Аз ҳамин кирдорҳои толибон ва дигар гурӯҳҳои ифротгароӣ баъзе ҷавонон гумроҳ шуда истодааст. Мо бояд бар зидди ин гуна гурӯҳҳо дастаҷамъона мубориза барем.

МТМУ №10 деҳаи Фирдавсӣ

 

Омӯзгори фанни таърих:                 Абдуазимов Ҷасурбек