Чоп

Терроризм ва маънои он

Истилоҳи «терроризм» (аз калимаи лотинии «terror») гирифта шуда, маънояш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, ва тарсу ваҳм амалӣ созанд.

Терроризм ба ҳадде вусъат ёфт ва густариш пайдо кард, ки оламиёнро водор намуд барои мубориза бо он ба ҳам оянд. Даҳҳо иттиҳодҳо ва паймонҳои мубориза зидди терроризм ташкил шуданд, ки онҳо аз ҷониби  ИМА ва Русия барин қудратҳои атомии олам сарварӣ мешаванд. Ва даҳҳо кишварҳои муқтадиру даҳҳо мамолики дигар ба ин паймонҳову ба ин иттиҳодҳо пайвастанд, то ҳиссагузори коҳиши хатари терроризм дар олам бошанд. Тоҷикистон  низ чун узви ҳамин ҷомеаи  байналмилалӣ дар ҳамин муборизаҳо шарик аст.

 

 

Ҳар сол мамлакатҳои ҷаҳон  миллиардҳо  долларро сарфи мубориза бо  терроризм ва экстремизм мекунанд. Вале боз ҳам лозим меояд ин хазина  бештар шавад. Ҳатто фақиртарин кишварҳоро ҳам лозим меояд аз буҷаи  ками худ миқдори азимро сарфи ин кор кунанд. Чун амнияти шаҳрвандон муҳимтар  аз ҳар чизи  дигар аст.

Кишвари мо заҳри терроризмро чашидаву ҷабри  онро дидааст. Барои мо ин мафҳум дигар бегона нест. Бахусус аз аввали солҳои 90-и асри гузашта мо пайваста бо ин хатари ҷонсўз рў ба рў шудаем. Беҳтаринҳоро аз даст додаем ва садҳо нафар гумроҳоне дорем, ки худро миёни обу оташ задаву барои ким-кадом ҳадафи барояшон номаълум дар кишварҳои бегона меҷанганд, инсонҳоро ба қатл мерасонанд. Ва боз ҳам аксарашон кушта шудаву фарзандонашонро ятим кардаанд, волидони бо сад умед калонкардаашонро дар мотами худ шинонданд. Мо қурбонии терроризм ҳастем ва мо бояд ба дарки комили ин зуҳурот бирасем, то мубориза бо он бароямон осон гардад.

Муаллиф

Мутахассиси пешбар, рушди иҷтимоӣ

ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Бунҷикат

Тиякова Ш.