Чоп

Терроризм ва ифротгароӣ

Тероризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад. Дар як даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям шуданд. Дар ин самт моро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро нисбати чунин падидаҳои хавфнок мустаҳкам намоем. Имрӯз бояд ҳар як фарзанди Ватан қарзи фарзандии худро дуруст фаҳмида бар зидди тероризм мубориза барад ва ватани худро аз ин хел падидаҳои номатлуб ҳимоят кунад. Бояд ҷавонон тамоми кӯшишу ғайраташонро сарфи ободию шукуфонии ватани маҳбубамон кунанд ва оқилу ояндабин бошанд.

Сармутахассиси шуъбаи рушди

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи

дастгоҳи Раиси ноҳия Шаҳристон                         Муҳиддинов Б.