Чоп

ҲУШЁР БОШЕМ!

Гирифтани пеши роҳи нафароне, ки мехоҳанд, фазои ороми Тоҷикистонро  халалдор созанд,  дар ҷомеа тухми нифоқу ғам, андӯҳу шиканҷаро  коранд, кори ҷонии ҳар як сокини кишвар мебошад. Пешгирии фаъолияти гурӯҳҳои харобкор ва ҷангҷӯй, паҳншавии таълимоти ифротгаро ва терористону экстремистон ин кори ҳамҷоягии мову шумо мебошад. Бефарқи ва бетарафи намудан ба ин амалҳои нопоки душманони ватан ин хокпоши ба чашми халқу миллат, хиёнат нисбати модари худ, сӯхтани ояндаи фарзандону пайвандони хеш мебошад.

 

 

Эй ҳамдиёрони  азиз!

Бетараф набошед, ватани худро дӯст доред, барои ояндаи фарзандони худ шароит фароҳам оред. Онҳоро аз ҳар гуна хоинони ватан, душманони бераҳм ҳифз намуда,  дар роҳи ҳисси ватандӯстию эҳтироми арзишҳои миллии хеш ва эҳтироми падару модари худ тарбия намоед. Дар оянда як шахси бонангу номус  гардида, хоки ватани худро аз ҳар гуна хасу хор ва чашми бад ҳимоя намояд.

З.Ғоибова