Чоп

Кабирӣ – хоини миллат

Муҳиддин Кабирӣ шахси ҷоҳил, хоин, ватанфурӯш мебошад. Вай дар ин Ватани куҳанбунёд чашм ба олами ҳастӣ во намуд. Дар оғӯши гарми модар ва Ватани маҳбуб ба воя расид. Таҳсил кард, соҳиби маълумот гардид. Савганд хӯрд ба халқу ватан хизмат мекунад. Ба ӯ сарварии собиқ ҲНИТ- ро супурданд.

 

 

Ин шахси риёкор, кинаҷӯй ба муқобили Ватан бархост. Садҳо фитнаҳо андешид. Лекин мардуми баору номуси кишварамон ба ӯ бовар накарданд. Вай гумон дошт, ки Ватан сарҳад надорад. Вай хато ҳисобид.

Кабирӣ шунав! Ин Ватани мост. Мо Ватанамонро ба ҳеҷ кас намедиҳем. Ҳар як ваҷаб хоки Ватан ба мо азиз ва муқаддас мебошад. Онро чун гавҳараки чашм аз чашмони бадбин ва кӯрнамак эҳтиёт менамоем.

Сармутахассиси шуъбаи рушди

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи

дастгоҳи Раиси ноҳия Шаҳристон                         Муҳиддинов Б.