Чоп

Истиқлолият – неъмати бебаҳост

Истиқлолияти давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишони олии ҳувияти миллӣ,  ифтихор ва номуси ватандори мо буда, рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибихтиёриву соҳибдавлати тоҷик ва асоси хушбахти мост.

 

 

Мо дар мисоли дастовардҳои даврони истиқлолиятро дар ноҳияи худ дар он мебинем, ки созандагию ободкориҳои дар ҳамаи самтҳои фаъолияти ҳаррӯзаи мо  ба чашм расидаистодааст.

Сохта ба истифода дода шудани мактабҳои нав бо тамоми шароитҳои таълимӣ муосир, ки барои тарбияи насли наврас дар руҳияи хуб инсони ва ватандӯстӣ низ дастовардӣ даврони  истиқлолияи кишварамон ба шумор меравад.

 

Истиқлолият барои мардуми кишварамон неъмати худовани карим буда дар давраҳои хеле ҳасос ба миён омад.  Дар солҳои аввали истиқлолияти кишвар  вазъи сиёсӣ кишваррамон ноором  буда,

Ҳазорҳо оилаҳои тоҷик  парешон аз ватан дар хоки бегона барои наҷоти ҷони худ паноҳ мекобиан. Хушбахтона аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   тамоми мардуми тоҷикро сарҷам намуда давлати навтаъсиси ҷавонро ба ин қадар кишвари ободу зебо  табдид доданд.

 

Омӯзгори фанни таърих дар

МДТ ЛКСК н.Шаҳристон                 Абдураҳимова Ҳ