Чоп

МО - ТОҶИКОН БАРОИ МАРЗУ БУМИ ИН ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ

Воқеаҳои рӯзҳои охири сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон, ки бо айби мансабдорони давлати ҳамсояи Қирғизистон боиси марги инсонҳо гардид гуноҳи нобахшиданист. Боварӣ комил дорем, ки ақли солими мардумони қирғизҳо, ки бо тоҷикон асрҳо боз ҳамсоягию додугирифт доранд бо ҳам меоянду хусумату даъвоҳо аз байн меравад. Аз ин рӯ бовар дорам, ки дар иғвою манфиатҳои геопалектикии мансабдорон дар маноқишаҳои Ворӯх ақли солим ғолиб меояду байни ин ду кишвари ҳамсоя сулҳу салоҳ барқарор мегардад.

 

 

 

Тоҷикон аз қадимулайём дар муносибат бо ҳамсоягон дӯстиву рафоқат ва ҳамзистиро авлотар медонистанд ва медонанд. Аммо вақте гап сари якпорчагии Точикистон ва ғасби марзҳои Ватан меравад, инҷо кор тамоман ранги дигар мегирад, чунин амал ҳар як тоҷику тоҷикистониро бе тараф гузошта наметавонад. Ин хоки Ватани мо аст, дуруст дарк мекунем, ки давлатдори кардан чӣ ҳасту ин хок барои мо чӣ аҳамият дорад. Ҳар як ваҷаб марзу буми Ватан бароямон муқаддас ва бузургтарин арзиш аст ва барои ҳимояи он ҷонро дареғ намедорем. Ин заминҳо аз бобову бобокалонҳоямон мондааст, бояд ҷониби қирғиз ба даъвоҳои бе мантиқу бе асос ва ба хушунату муноқиша хотима дода, заминҳое, ки ба иҷора гирифта буд баргардонад в-агар на ин миллат ҷавобҳои аз ин маротиба ҷиддитар медиҳад...

 

Тоҷикон садсолаҳост муносибати дӯстона доштанро тарғибу ташвиқ мекунанд, аммо солҳои ахир мақомоти қирғиз аз таҳаммулгароии тоҷикон сӯйистифода намуда, мехоҳанд бо аз худ донистани қисми марзи Тоҷикистон муноқишаҳои сарҳадиро роҳандозӣ карда истодаанд. Ҳоло он, ки дар ҳуҷҷатҳои таърихии тақсимоти марзии солҳои 1924-1927 хати марз муайяну мушаххас гардидааст.

 

Замони кучманчигарӣ гузашта рафт, дигар он замон нест, ки ҳар тарафе гӯсфандон мерафтанд, қирғизҳо низ аз қафояш рафта юртаи худро онҷо насб кунанд. Аз ин хотир ба қирғизҳо тавсия медиҳем, ки юртаи худро дар хоки худатон насб кунед! Ворух ва Чоркуҳ қисме аз хоки Ватани маҳбуби мо буда, пораи тани ҳар як тоҷику тоҷикистонист. Мо ҳаргиз намегузорем, ки ба заминҳои мо бегонае дастдарозӣ бикунад. Лозим ояд дар як шаб тамоми қирғизистонро мегирем, инро бояд қирғизҳо донанд. Мо хун медиҳему, аммо хок намедиҳем...!

Омӯзгори МТМУ№8