Чоп

Терроризм ва ифротгароӣ – душмани инсоният

Шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои террористӣ ташвиши ҷомеаи имрӯза гардидааст. Сабаби шомилшавӣ як тараф ҳисси пулу молпарастӣ, сарвату мансаб бошад, аз тарафи дигар, аз бесаводӣ, маълумоти кофӣ надоштан оид ба мафҳум ва гурӯҳҳои террористӣ, надоштани ҳисси ватандӯстӣ дар қалби худ, надоштани ҳисси эҳтиром ва дӯстдорӣ нисбати оила ва наздикони худ ва  надоштани маърифати исломӣ мебошад.

 

 

Саҳифаҳои интернетро аз назар гузаронем, маводи паҳнкардаи душманони миллат аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳадафи онҳо ба ҷуз барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату ҳукумат ва тафриқаандозӣ миёни миллатҳо дигар коре нест. Вагарна аз чӣ сабаб аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Ватан канораҷӯӣ мекунанду монанди аксари шаҳрвандони мамлакат дар рушди кишвари худ ширкат намеварзанд?      Меҳнат ва эҷод намекунанд, дар паноҳи дигарон ҷой гирифта, аз канори айбҷӯиву харобкориро пеша кардаанд. Дар зери шиорҳои фирефтаи гӯё “таълимоти динӣ” ба амалҳои ифротгароӣ ва террористӣ ҷавононро даъват намуда, амалҳои бади худро бо номи “шаҳид шудан дар роҳи ислом”, “қаҳрамонӣ”, “фидокорӣ” содир мекунанд ва мехоҳанд, бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд., яъне супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.

Биёед, нисбат ба чунин вабои аср ва наслкуш бетараф набошем ва наздикони худро дар дохили кишвар зери назорати қатъӣ гирем. Нагузорем, ки насли наврас фирефтаи гурӯҳҳои ифротӣ ва тӯъмаи гурӯҳҳои террористӣ шаванд .

Мутахассиси пешбари бахши Хадамоти

муҳоҷират дар ноҳияи Шаҳристон                    Бобокалонова З