Чоп

Ҳамеша дурандеш бошем.

Имрӯз ҳар як шахси ватандӯсту ватанпарвар, ки тақдиримиллату давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон барояш муҳиму азиз аст, ба хуби дарк ва эҳсос менамояд, ки сари вақт некиро аз бад ҷудо намудан ва алайҳи ҳамагуна тафриқаангезиву ифротгароӣ мубориза бурдан, вазифаи ҷониву муқаддаси шаҳрвандӣ мебошад.

Ҳодисаҳое, ки санаи 27 январи соли 2022 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба вуқӯ пайват, ҳар як фардро бетараф гузошта наметавонад.

 

 

Мардуми Тоҷикистон ва мардуми Қирғизистон аз қадимулайём дусту ҳамсоя ҳастанд. Имрӯз бошад бо баъзе сабабҳо задахӯрди мусаллаҳонаро ба анҷом дода истодаанд, ки дар натиҷа ба шаҳрвандони ин ду кишвар ҳисороти моливу ҷонӣ ба бор оварда истодааст.

Мо мардуми Тоҷикистон мехоҳем, ки дар тамоми дунё тинҷимуву ороми ҳукумфармо бошад, аз ҳамсояҳои Қирғиз даъват ба амал меорем, ки онҳо низ дуранде бошанд, ба хатти сарҳад дахолат накунанд.

Сармутахассиси бахши фарҳанг                       Ғозибекова С