Чоп

Худкуши роҳи халоси нест

Ҳаёт гавҳари ноёб аст. Ҳаёт неъмати бузургест, ки Худованд барои бандаҳои худ ато намудааст. Ба қадри ин неъмати бузург ва атои беҳамтои Худованди таъоло расидан ва онро гиромӣ доштан вазифаи муқаддаси ҳар як инсон аст. Зиндагии инсон бошад ҳамеша саршори хуррамӣ буда наметавонад. Ҳаёт пастиву баландӣ , гармиву сардӣ , талхиву ширинӣ ва ҳолатҳои нобаҳангоми худро дорад. Пас, дар зиндагӣ ҳар як инсон ба пастиву баландӣ ва талхиву шириниҳои ҳаёт дучор мегардад. Дар давроне, ки инсон ба пастӣ ва талхиҳои зиндагӣ рў ба рў мешавад бояд бо сабру тоқат бо ниятҳоинек ба фардои дурахшони ҳаёти хеш боварӣ ҳосил намуяд. Худои меҳрубон инсонро аз тамоми мавҷ удоти зиндаи дунё болотар офарида, ба ў ақли солим, лафзи бурро ва тани сиҳатро ато намудаас. Умри инсон бошад зуд ва бебозгашт мегузарад, мераваду дигар барнамегардад. Аз вақту соати гузаштаи ҳаррўза гумон мекунем, ки ҳанўз зиндагӣ дар пешасту зиёд умр хоҳем дид. Аммо аҷ аб бевафо ва ба мисли оби дарё равон аст ин ҳиёт. Аз ин рў инсон бояд ҳар як лаҳзаи ҳаёти хешро ғ анимат дониста, онро бо ҳушҳолӣ ва арзандаю сазовор гузаронад. Баҳри хушу хурсандона гузаронидани ҳаёти хеш бояд қонунҳои бузурги зиндагиро риоя намуда, аз рўи гуфтаи бузургон амал намуда, ҳамеша дар зиндагӣ некӣ кунию савобҷўю хайрхоҳ бошӣ .

Вале сад афсўс, ки дар байни ҷомеаи мо шахсоне ёфт мешаванд, ки ба қадри зиндагиву умри одамӣ намерасанд. Ба муаммоҳои вазнини ҳаёт рў ба рў ки шуданд, ба ин тоб наоварда даст ба худкушӣ мезананд. Гумон мекунанд, ки ман худамро кушам аз ҳамаи мушкилотҳои ҳаёт халос мешавам. Лекин дар асл ин тавр не, инсон бояд ба ҳамаи мушкилиҳои ҳаёт рў ба рў истода, мубориза барад, на ин ки бо роҳи худкушӣ аз ин мушкилиҳо халос гардад. Охир, дар ҳадисҳои пайғамбарамон низ омадааст, ки худкушӣ гуноҳ асту ба худкушикарда хондани ҷаноза раво нест.

Пас, чаро бандаҳои худо ба ин иллати бемаънии худкушӣ даст мезананд? Ин ҳолат ба ки фоида меорад? Ашки фарзандони хешро шашқатор карда, онҳоро дар чорроҳаи зиндагӣ партофта мераванд. Пас, фарзанд аз меҳри падар ва ё модар маҳрум мешавад, ки ин алабатта таъсири худро ба тарбияи фарзанд боқӣ мегузорад.

Сабаби дигари даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон ин бемории рўҳи доштани онҳо мебошад.

Аммо нишондиҳандаҳои омории худкушӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки инсон ба мавҷудоти азизу нотавон мубаддал гашта, қобилияти мубориза бурдан ва талошварзии худро аз даст дода истодааст, ки ин албатта таассуфомез мебошад.

Хулоса, дар зиндагӣ ҳар як муаммо роҳи ҳалли худро дорад, танҳо ноумед набояд шуд. Чуноне, ки дар урфият мегўянд: «Поёни шаби сиёҳ сафед аст». Аз ҳама муҳимаш арзишҳои инсонӣ муқаддасанд, дорои рафтори намунавӣ ва ахлоқи ҳамида бошем. Ба ин дунё ҳар яки мо як бор меоем, чунон зиндагӣ кунем, ки атрофиён аз амалу рафтори мо розӣ бошанд. Зеро зиндагӣ -ҳаёт ширин, аз ширин ҳам ширинтар аст.

М. Каримова