Чоп

ТАРАФДОРИ ЗИНДАГИИ ОСУДА БОШЕМ НА ФАРСУДА

 

Терроризм ва экстремизм вабои асри XXI рўз то рўз  аҳли башарро ба таҳлука гирифтор намуда истодааст. Дар ин гиру дорҳо, кашмакашиҳо, қатлу ғоратҳо, сўхтору вайронкориҳо чи суде барои мардуми мусулмон дорад?Аз оқибати гуноҳу гунаҳкорӣ андеша бояд кард! Ин оламу дунёи орому ободи худро чаро вайрон мекунанд? Чаро фирефтаи дурўғу ҳаваси бекасӣ мекунанд? Мо дар замоне умр ба сар мебарем, ки осмони софи моро абрҳои тира мехоҳанд пахш намоянду ба ҷои борони раҳмат, ашки ҳасрат аз фазо резонанд.

Дунёи мо дунёи рангин аст, мо нагузорем, ки решаи ин нохалафи инкишоф ёфта, бисабзад ва бо решаи осоиштагӣ пайваст бигардаду бисабзад. Мо аҳли олам як дасту якдил бар зидди мухолифон ҳастем. Чашму дил, дасту по, ботину зоҳир,гўшу ҳуш, ҳасту нести худро пурра ва ҳар сў ҷониби амониву сулҳ равона созем ва бо қатъияту боварии комил чашм сўи ҳимояи марзу бум кунем ва бар зидди тероризм мубориза барем.

 

 

Барои нигоҳ доштани хандаҳои беолоиши кӯдакон, ҳифзи бонувону модарон ва муҳим барои номусу кадри инсонӣ нагузорем, ки аҷнабиён байни мо шӯру иғво андозанд. Тероризм ва экстремизм алҳол яке аз масаъалаҳои ҷиддии замони муосир, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор овардааст. Ифротгароӣ дар мазҳабу динҳо ва масаълаҳои иҷтимоӣ худро ошкор мекунаду динро ҳамчун ниқоб истифода бурда, бар зидди сулҳу осоиштагӣ рост меистанд.

Ифротгароён аз норасоиҳои ҷамъият истифода бурда, ба роҳи таҳдиду куштор андешаҳои нопоки хешро ирсол медоранд. Аммо мо ба фиребу найранг ва дахмасаҳои холии онҳо бовар намекунем ва онҳоро маҳкум месозем.

Гузаштагони мо падарону бобоёни мо дар умум авлоду аҷдоди мо тоҷикон одамони бофарҳанг, зирак, доно ва дурандеш буданд. Имрӯз мо бояд насли наврасро дар руҳияти ватандӯсти, хештаншиносоӣ, худогоҳӣ ва инсонпарварӣ тарбия намоем. Соддагиву сабукандешӣ ва гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ғайр аз пушаймонӣ чизи дигаре ба миён намеоранд.

Ҷавонон бояд дар ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои соҳибистиқлолиро ҳифз, амнияти давлат ва ваҳдати миллиро ҳимоя ва худро аз ҳама хавфу хатарҳои ҷаҳони муосир, монанди ифротгароӣ ва терроризм эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари азизамон бошанд.

Барои ин ҳар яки моро лозим аст, ки ҷавононро бобати масъалаҳои мазкур эмин нигоҳ доштани ҷавонон аз гаравиш ба гурӯҳҳои ифротӣ бештар диққат диҳем. Ҳисси нафрат ва бадбиниро нисбат ба терроризм, экстремизм ва равияҳои номатлуб бедор намоем.

Зӯрии муштро дар ангушт муҷассам кардаанд, пас ҳама барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, шинохтани қадри Истиқлолияти давлатӣ ва ҳифзи якпорчагии кишвар аз як гиребон сар берун орем!!

 

 

Отаев Зоир, мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шаҳристон