Чоп

Бори каҷ ба манзил нахоҳад расид

Истиқлолияти миллӣ барои  Тоҷикистон  воқеан марҳилаи  нави  таърихӣ ва неъмати бебаҳо  аст. Зеро истиқлолият дар зиндагии мардуми  тоҷик  ва ҳам тоҷикистониён  саҳифаи тозае барои ояндаи  миллат боз кард  ва ин санаи муборак  дар китоби  таърихи миллат  бо ҳарфҳои заррин  навишта  шудааст.

Воқеан  ҳар фарди ҷомеа имрӯз шукргузорӣ аз миллату  давлати худ дорад ва истиқлолияти  сиёсии онро  пос доштаву  эҳтиром намуда, чун гавҳараки чашм ҳифз  месозанд  ва бар зидди нафароне, ки  ин оромию сулҳу  суботи кишварро  вайрон карданӣ мешаванд  пайваста мубориза хоҳанд бурд. Зеро халқи тоҷик  пушту паноҳи  худро  дорад ва ҳар  лаҳза  дуои модарон нигаҳдорандаи  миллату давлатӣ Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

 

 

Аммо мутассифона бархе аз амалҳо  ва рафтори ҳамватанонро  дида  дар  ҳайрат мемонем, ки ин қадар  бар зидди давлати худ  тӯҳматҳои зиёде карда истодаанд  ва ҳатто  дар  сомонаҳои   интернетӣ маълумотҳои  нодурусти  ифротгароёнаи худро ҷой карда истодаанд. Аммо онҳо  нафароне  буданд, ки  дар ҳамин сарзамин  калон шудаву  обҳои мусаффои  Тоҷикистонро  нӯшида боз  барои анҷом  додани амалҳои  ғаразноки худ даст зада истодаанд.

Аз ин лиҳоз ҳар фарди кишварро  мебояд ҳар лаҳза  ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд  ва нагузоранд гурӯҳҳои нохолафе, ки мехоҳанд ҷомеаи моро  ноором созанд, ниятҳои нопокиашонро амалӣ намоянд.

Библиографи китобхонаи марказӣ                Эргашева П.