Чоп

ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛӢ РӮЙДОД ВА ДАСТОВАРДИ БУЗУРГИ ТОҶИКОН

 

Оре, ҷавонон  оянда, пешбарандаи миллату давлат мебошад. Ҳамаи ин имконияту шароитҳо ва дастовардҳо нишона аз давлатдорию соҳибистиқлолии мост. Бо ташаббусҳои созанда ва ибтикоронаи роҳбари кишварамо имрӯзҳо таваҷҷуҳ ба ҷавонон бисёру назаррас шуда истодааст. Барои хондану омӯхтан ва азхудкунии илмҳои муосир ва  шароитҳои муфид барои насли наврас дастрас фароҳам оварда шудааст.

Махсусан дар даврони Итиқлолият ташкил шудани озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» муҳимтарин рӯйдоди таърихӣ ба ҳисоб меравад. Мақсад ва вазифаи асосии ташкили ин озмун ҳамин аст, ки насли наврас ва дар умум ҷомеаи мо ба китобу китобхонӣ рӯ оварда, осори илмию адабии гузаштагонамонро азбар намоянд.

Дар солҳои гузашта, имконият барои ҷавонон ва ҳам барои илмомӯзи кам буданд. Аммо пас аз Истиқлоли давлатӣ имконият барои ҳама мусоиду муфид шуда, барои ҷавонон имкониятҳо фаррох гардид.

 

 

Имрӯз бошад чӣ хеле мебинем дар даврони Итиқлолият ҳамаи шароитҳо дастрас карда шудаанд. Бо азму талоши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  9-уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз замони зуҳури Истиқлолият кишвари моро ҳамчун давлати демократиӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ кулли кишварҳои ҷаҳон эътироф намуданд.

Аз ин рӯ мо ҷавонон кӯшиш намоем, ки чунин неъмати бебаҳоро аз даст надиҳем. Имрӯз барои мо ҷавонон ҳар намуд озмунҳо ташкил карда истодаанду барои мо ҷавонон шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Бояд аз ҳамаи ин имкониятҳо истифода бурда, барои рушду шукуфоии кишварамон саҳми арзанда гузорем.

Мо хушбахтарин ҷавонони дунё ҳастем, зеро мо дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунем ва аз ободиву суботи кишвар шукргузорем!!

Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамагон муборак бошад!!

 

Содиқова Гулсанам,

гирандаи стипендияи

Раиси ноҳияи Шаҳристон