Чоп

Истиқлол- равшангари фардои тоҷикон

 

Эй Ватан, эй ҳадяи беминнати Яздони пок,

Ман ба домони намозият ибодат мекунам.

Ин ватан ҳамчун баҳори бехазон бошад маро,

Инчунин мулки ягона дар ҷаҳон бошад маро.

Шукрона аз он мекунем, ки пас аз чандин аср миллати кӯҳанбунёди тоҷик бори дигар соҳиби давлати мустақил ва соҳибихтиёр гардид. Имрӯз барои мо имкон пайдо шуду дар васфи Истиқлолият, дар фазои ороми Ватан қалам ба даст гирифта, дар васфи ватан меҳру муҳаббати самимии худро иброз дорам. Истиқлолият сарнавишти бахту миллати тоҷик, ояндасози тоҷикон, ифтихори давлату миллиест, ки тоҷикону тоҷикистониёнро ба ҷаҳон шиносонидааст.

Арҷ гузоштан ба давлати миллӣ ва истиқлоли миллӣин яке аз беҳтарин дастовард ва беназиртарин рӯйдоди таърихӣба ҳисоб меравад. Имрӯз давлатамон осоиштаву осмонамон софу беғубор аст, ки ин албатта бо ибтикору сиёсати оқилонаву ғамхориҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат ба даст омаддаст. Мо ҳамчун фарзандони ин диёр ва идомадиҳандаи ояндаи ин миллати кӯҳанбунёд ба қадри истиқлолу озодӣ бирасем.

 

 

 

Тоҷикистонам, диёри бозафар пайвастаам,

Дар баҳорони саодат сабзу хуррам растаам.

 

Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату давлатдории тоҷикон дар асри ХХ аст, ки то ба даст овардани ин неъмати бебаҳо, чӣ қадар хуни фарзандони фарзонаи тоҷик рехтаву чӣ қадар модарон дар доғи фарзандони азизашон ҳасрат хӯрдаанд. Бо роҳбарӣва ҳидоятҳои Пешвои миллат мо оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш карда, рӯ ба сулҳу осоиштагӣниҳодем. Маҳз сиёсати сулҳҷӯёна ва меҳрубононаи Пешвои миллат муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон буд, ки халқи тоҷик аз нав соҳиби давлату миллат гардид.

Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланди мутамаддуни тоҷик аст, ки номаи тақдирашро ба дасти хеш навишт, роҳу равиши хосу мақомиу мавқеъи хосро дар ҷомеаъи ҷаҳонӣ пайдо кард. Боз як бори дигар ба мардуми миллати тоҷик ин иди хуҷастапайро табрику муборакбод мегӯям ва шеъри дӯстдоштаамро, ки аз ашъори устод Камол Насрулло аст пешкаш намоям!

Тоҷикистон ҳусни пирӯзист истиқлоли ту,

Дидаи бад дур бод аз субҳи истиқлоли ту.

Мавҷи табрикоти ёрон мерасад аз ҳар диёр,

Ҳамчу аз ихлос зарринҷоми гулафшони ту.

Дар талоши бахт сарбозони ту сар бохтанд,

Ёд бод аз ҳар шаҳиди ҷодаи амволи ту.

Дар фироқи ғӯрамаргонат ҷигарҳо об шуд,

Рехт хун аз дидаи модар и атфоли ту.

Акрамзода Рустам, гирандаи стипендияи Президентӣ