Чоп
  1. 1. Мақсад, вазифаҳо ва принсипҳои муборизатерроризм ва экстремимзм (ифротгарои)

Мақсад ва вазифаҳои мубориза бар зидди терроризм ва экстремимзм (ифротгарои) аз инҳо иборатанд:

  1. Таъмини ҳифзи амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони он ва дигар шаҳрвандони дар қаламрави он қарор дошта аз таҳдиди терроризм ва экстремимзм (ифротгарои).
  2. Барҳам додани таҳдидҳои терроризм ва экстремизм (ифротгарои) дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  3. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам овардани фазои оштинопазири нисбат ба терроризм ва экстремимзм (ифротгарои) дар ҳамагуна шакл ва зуҳуроти он.
  4. Ошкор намудан, аз байн бурдан ва пешгирии сабаб ва шароите, ки боиси дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадан ва паҳн шудани терроризм ва экстремиз (ифротгарои) мегардад, инчунин рафъи оқибатҳои ҷиноятҳои дорои хусусияти террористи ва экстремистидошта.
  5. Баланд бардоштани самарабахшии ҳамкориҳои муштараки мақомоти салоҳиятдор ҷиҳати пешгири, ошкор намудан, бартарафсози ва таҳқиқӣ ҷиноятҳои дорои хусусияти террористи ва экстремисти дошта, ошкор ва пешгирии фаъолияти ташкилот ва шахсоне, ки дар иҷрои фаъолитяи террористи ва экстремисти (ифротгарои) иштирок намудаанд, инчунин муқовимат ба маблағгузории амали террористи.
  6. Таҳияи муносибати умумии субъектҳое, ки бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгарои) мубориза мебаранд.
  7. Тақвияти нақши давлат, чун кафили амнияти шахси ва ҷомеа, дар шароите, ки таҳдиди терроризм ва экстремизм (ифротгарои) беш аз пеш меафзояд.
  8. Тадбиқи меъёрҳои ҳуқуқӣ байналмилали ҷиҳати муқовимат ба маблағгузории амали террористи ва экстремисти (ифротгарои).
  9. Ташаккули заминаи зарурии меъёрҳои ҳуқуқии байналмилаии ҳамкори бо созмонҳои байналмилали ва давлатҳои ҷаҳон ва такмили заминаи ҳуқуқӣ, рушт ва мутаносибии меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва ҳамкориҳои миллӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгарои).

10.  Беҳтар намудани ҳамкориҳои сохторҳои қудратӣ ва мақомоти давлати назорати молиявӣ бо созмонҳои байналмилали ҷиҳати ошкор намудан ва пешгирии маблағгузории терроризми байналмилали.

 

 

 

 

 

Ҷиҳати ноил шудан ба мақсадҳо ва ҳалли вазифаҳои мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгарои) Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипҳои зайлро ба роҳбари мегирад:

- муборизаи беамон бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгарои);

- таъмини ногузирии ҷавобгарии ҳам шахсони ҳуқуқи ва ҳам воқеи барои иштирок дар фаъолияти террористи ва экстремисти (ифротгарои);

- муносибати маҷмўи барои муқовимат бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгарои) бо истифодаи ҳама тадбирҳои пешгирикунанда, ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иҷтимоию иқтисоди ва ғайра;

- муқовимат ҷиҳати дар кўшишҳои байналмилаии мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгарои) истифода бурдани «стандартҳои дугона»;

- риояи қатъии принсип ва меъёри умумиэътирофгардидаи ҳуқуқи байналмилали.

  1. 2. Самтҳои асосии мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгарои)

Самтҳои асосии фаъолияти мақомоте, ки бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгарои) мубориза мебаранд, аз инҳо иборатанд:

  1. Таҳлили омил ва шароитҳое, ки ба терроризм ва экстремизм (ифротгарои) мусоидат менамояд, пешгўии тамоюли рушд ва зуҳуроти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  2. Пешгири, ошкор намудан, бартарафсози ва тафтиши ҷиноятҳои дорои хусусияти терроризм ва экстремистидошта (ифротгарои).
  3. Мусоидат ҷиҳати ногузирии ҷавобгари барои ҷиноятҳои дорои хусусияти терроризм ва экстремистидошта (ифротгарои).
  4. Кўмак барои барқарорсозии шахсоне, ки аз ҷиноятҳои дорои терроризм ва экстремистидошта (ифротгарои) зарар дидаанд.
  5. Муқовимат бар терроризм, дар ҳамагуна навъи нақлиёт, объектҳои ҳаётан муҳим, инфраструктураи хатарнок.
  6. Пешгирии истифода ё таҳдиди истифодаи яроқи қатли ом ва воситаҳои интиқоли он, ммводҳои радиоактиви, токсики ва дигар маводи хатарнок, мавод ва технологияи истеҳсоли онҳо барои мақсадҳои террористи.
  7. Муқовимат ба маблағгузории фаъолияти террористи ва экстремисти (ифротгарои).
  8. Пешгирии истифода ё таҳдиди истифодаи шабакаҳои маҳдуд ё глобали компютерӣ бо мақсадҳои террористи (мубориза бар зидди кибер терроризм).
  9. Такмили заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ).

10.  Ҳамкори бо ҷомеаи шаҳрванди ва воситаҳои ахбори умум бо мақсади баланд бардоштани самаранокии муқовимат ба терроризм ва экстремизм (ифротгарои).

11.  Муқовимат ба таблиҳи терроризм ва экстремизм (ифротгарои).

12.  Иштирок дар фаъолияти зиддитеррорстии ҷомеаи байналмилалӣ, аз ҷумла ҳамкори дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва амалиёти дастаҷамъии зиддитеррористи, мутаҳидсозии нерў ва мусоидат ба ташаккули стратегияи глобали муқовимат нисбат ба хатар ва таҳдидҳои нав зери роҳбарии Созмони Миллали Муттаҳид.

13.  Такмили заминаи моддию техники воҳидҳое, ки алайҳи терроризм ва экстремизм мубориза мебаранд, таҳияи воситаҳо техникаи махсус ва таҷҳизоти барои чунин воҳидҳо.

  1. 3. Механизми амали гардонидани Консепсия

Таъмини иҷрои Консепсияи – ин маҷмўи тадбирҳо, фаъолияти мақсадноки мақомоти давлатию иститутҳои ҷамъияти ва инчунин шаҳрвандоне, ки дар ошкор ва пешгирии кирдорҳои мухталифи хислати террористи ва экстремисти (ифротгарои) ва муқовимати онҳо иштирок менамояд ба ҳисоб меравад.

Системаи таъмини мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгарои) мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистно «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгарои)», Консепсияи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқӣ байналмилали, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон  эътироф кардааст, барномаҳои ҷумҳурияви ва нақшаҳои идоравӣ дар ин соҳа ташкил медиҳад.

Асоси системаи мубориза бо терроризм ва экстремизм (ифротгарои)-ро қуваҳо, воситаҳо, шаклҳо ва усулҳои муқовимат ба терроризм ва экстремизм (ифротгарои), мақомоти қонунгузори, иҷроия ва ҳокимияти суди, субъектҳои бевоситаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгарои), дигар субъектҳои дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгарои) иштироккунанда, мақомоти худидораи маҳали, шахсони м ансабдор ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, андешидани тадбирҳои хусусияти сиёсӣ, ҳуқуқӣ,  ташкили, иқтисодӣ, ҳарбӣ ва ғайра доштаро ташкил медиҳанд, ки барои таъмини амнияти шахс, ҷамъият ва давлат равона гардидаанд.