Чоп

Хурофоту ҷаҳолат –роҳи пешрафти ҷомеа нест!

Хурофот ва арзишҳои кӯҳна сабабгори нооромиву бесарусомониҳо дар ҷамъият мегардад.

Низоъи сарҳадие, ки  санаи 14.09.2022 сол дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рух дод сабабгори он маҳз ҳамон ифротагороён буданд, ки боиси бесарумониҳои марзӣ ва ҳалокат гардидани чанд нафар одамони бегуноҳу сарбозон гардиданд.

Дар ҷомеаи пурталотум ва пуррақобати имрӯза ягона роҳи таъмини хушбахтии воқеии аҳли ҷомеа дурандешиву соҳибмаърифатӣ ва бофарҳангӣ аст, на хурофоту ҷаҳолат.

Аз ин рӯ, ҳар шахси ватандӯсту меҳанпарастро зарур аст, ки дар партави нишондодҳои сарвари давлат ҳисси баланди худшиносию худогоҳӣ нишон дода, ба муқобили хурофоту арзишҳои кӯҳнаи асримиёнагӣ мубориза барад ва чун ниёгони хеш парчами илму маърифатро баланд бардошта, онро роҳнамои ягона ва воқеан ҳам дурусти зиндагӣ қарор диҳад.

Мутахассиси пешбари шуъбаи

рушди иҷтимоӣ ва робита бо

ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия                        Алиҷонзода Г. Ф