Чоп

Падидаҳои номатлуби ҷамъиятӣ

Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст.

Дар замони муасир баъзе аз доираҳои манфиатҷӯй ба хотири  расидан ба ҳадафҳои нопок дини мубини исломро ҳамчун ниқоб истифода бурда мехоҳанд мардумро  ба амалҳои ношоиста бадбиниву ҷоҳилӣ ва хурофотпарастӣ роҳандозӣ намоянд. Онҳо худро гоҳо муллову гоҳо хирадманд вонамуд сохта бо ҳар гуна роҳ мардуми соддаро гумроҳ месозанд.

Муҳиддин Кабирӣ барин шахсон барои амалӣ намудани ниятҳои бадғаразонаи худ ба Ватани азизи худ хиёнат кард

 

 

Омӯзгор               Д.Ҷамолова