Чоп

Мубориза бар зидди терроризми экстремизм

Асосгузори сулху Вахдати миллй –Пешвои миллат Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалй Рахмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон хатари терроризм ва экстремизмро аз хатархои аввалиндараҷаи ҷахони муосир номида гуфтанд ки он хамчун вабои аср ба амнияти ҷахон ва хар як сокини сайёра тахдид карда барои башарият хатаре на камтар аз силохи ядроиро ба миён овардааст .

 

 

Ин гуфтаҳо моро водор месозанд ки барои пешгирии ин вабои аср тадбирхои судмандро рохандозй намоем ҷаҳду талоши худро барои сари вакт ошкор намудани аъзо накшаву максадхои гурруҳҳои ифротгаро равона намоем .Таҳлилҳои шаҳодат медиҳанд ки тайи солҳои охир дар кисме аз давлатҳои дунё аз ҷумла дар Тоҷикистон ҷараёну гуруҳҳои нави динй –ифротгарой пайдо шуда дар зери никоби дини Ислом фаъолтят мекунанд . Мақсади асосии ин ҳаракату ҷараёнҳо ҷудоиандозй дар байни ҷомеа маҳсусан ҷавонон мебошад. Ҳизбҳо ва ҷараёнҳои динии ифротгаро ки имрузҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Сугд ба таври пинҳонй фаъолият мекунанд .Ҷамъияти таблиг Ҳаракати исломии Ҳизб –ул –Таҳрир Узбекистон мебошанд .

Тавре ба ҳамагон маълум аст ба тарбияи дурусти кудакон ва наврасон эътибор додан оид ба расму оини пешкадами ниёгон мероси аҳлоки гузаштагон вусъат бахшидан ва баргузории маҷлисҳои падару –модарон дар муассисаҳои таълимй тибки талоботи Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи масъулияти падару –модар дар таълиму тарбияи фарзанд зери назорати ҳамешагии шуъбаи маорифи шаҳри Панҷакент мебошад .

Ҷиҳати татбики карори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-майи соли 2010 №278 Дар бораи Барномаи кор бо ноболигон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015 дар фурсати татбиксозии барнома дар шуъбаи маорифи шаҳр дар таҳия ва тасдики накшаи чорабиниҳо чораҳои даҳлдор аедешиданд. Ҳамзамон дар ин радиф карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-августи соли 2012 №382 Дар бораи Барномаи давлатии тарбияи насли наврас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017 дар таълимгоҳҳои шаҳру деҳот мавриди иҷро карор дорад .

Аз муҳтавои барномаҳои зикршуда бармеояд ки максади ниҳой ҷалби кудакони синну соли мактабй ба таҳсил пешгирии ҳолатҳои даст ба ҷиноят ва худкушй задан ва гирифтани пеши роҳи шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистй ва терористй дигар амалҳои номатлуб байни ноболиғон аст.

Замони мо пур аз тазоду мушкилот ихтилофу зиддиятхост .Доир ба афзудан ва густариши экстремизм терроризм ва дигар зуҳуроти падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд харф мезананд.

Таърихи афкору андешаи инсон исбот мекунад ки илму дониш хеҷ вакт душмани дину имон набуда балки бар зидди хурофот куҳнапарастий бофтаҳои баъзе диндорони чаоасавод буд .

Хушбахтона мо дар давлати сохибиҳтиёр ки номаш Тоҷикистон аст .зиндагй ба сар мебарем .Мо бояд шукри Истиклолияти Тоҷикистони азиз кунемва хоку обашро азиз шуморида роҳ надиҳем ки нохолафе фикру акидаи бадхоханаю ифротгарои худро руй кор орад

 

Омӯзгори МТМУ №8:                         Соҳибзода Ғ