Чоп

Поянда бод, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

31-сол муқаддам, 9-уми сентябри соли 1991-ум муҳимтарин воқеаи таърихӣ, сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад яъне Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваста ва 9-уми сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик Иди муқаддас маҳсуб мешавад.

Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор дорад, ки сиву як сол пеш аз ин нахустин хиштҳои пойдевори Истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем.

Сармутахассиси шуъбаи рушди

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи

дастгоҳи Раиси ноҳия                            Муҳиддинов Б