Чоп

Экстремизм

Имрӯзҳо терроризм ва экстремизм бо тамоми зуҳурот ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ аён гашта, доираи васъеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, боиси ҳодисаҳои мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтаанд ва аз ин рӯ зарурати дарки амиқ ва фаҳми васею ҳамаҷонибаи онро бояд омӯхт.

Вақтҳои охир ба гурӯҳҳои ифротгаро шомил шудани ҷавонон ва занону духтарон, ки дар фирефта шудани онҳо ҷиҳати шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро тасаввуроти ҷавонони мо тамаддуни исломро нодуруст шаҳр дода, онҳоро ба сӯи фанатизм ва экстремизм ҷалб менамояд. Бояд ҷавонони мо таълимоти дурусти диниро пурра дарк намуда, кӯшиш намоянд, ки фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро нагарданд. Ҳаминро бояд дониста бошанд, ки дар воқеъ ҳеҷ гоҳ ба вуқӯъ пайвастани амалҳои террористии ниқоби дини дошта, аз ҷумла ниқоби исломи дошта, моҳияти диниро иникос карда наметавонанд. Ҳар гуна дин, бахусус дини Ислом мухолифи амалҳои террористи буда, онро ба куллӣ рад менамояд.

Нозири сомонаи

Ҷамоати деҳоти Шаҳристон     Қобилзода Сабзина Қобил