Чоп

Кавкабони нурбори миллат

Ҷавонӣ беҳтарин, ширинтарин, хотирмонтарин ва дӯстдоштатарин айёми умри инсон аст. Дунёи даргузар сонияҳоро тай мекунад, пас, моро мебояд ба қадри ҷавонии хеш бирасем.

Устоди сухан, шоири зиндаёди тоҷик Лоиқ Шералӣ чунмн мисраҳоро бовиқор ба қалам медиҳад: “Ало, эй соҳибони вақт, биштобед”. Оре, имрӯз замони он аст, ки бояд биштобем ва ба сӯйи ҳадафҳои созандаву ширини хеш қадамҳои устувор ниҳем. Вақте, ки ба калонсолон бо мароқ сухан мекунӣ, ба олами хаёлот ғарқ шуда, аз ҷавонии хеш ҳарф мезананд, зеро ба қавли онҳо, ҷавониро ёд кардан арзанда аст.

Дар зиндагӣ лаҳзаҳои беҳтарин ва ҳасосотарини инсон маҳз даврони ҷавонӣ мебошад, ки дар ин лаҳзаҳо шахсият ояндаи худро барпо мекунад. Ин айёми беолоишу пурталотумро на ҳар кас ҷолибу хотирмон мегузаронад. Бархе аз ҷавонон пойдевори мустаҳками худро барпо мекунанд ва ба қадру қиммати ин даврон мерасанд, аммо на ҳама онҳоянд...Идае аз ҷавонони мо ҳанӯз дарк накардаанд, ки ҷавонӣ зуд гузар асту чун дарё аз канорашон гузашта меравад.

 

 

Ҳоло дар мамлакати мо боварии Ҳукумати кишвар маҳз ба ҷавонони ояндабину дурандеш нигаронида шудааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 13-уми марти соли 1992 Қонун “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати ҷавонон” қабул карда шуд. Ҳамасола дар саросари манотиқи сарзамини соҳибистиқлол 23-юми май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешуд. Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгир ва ҳидоятгарӣ мо ҷавонон, ҳастанд ва моро мебояд кӯшиш намуда, дар оянда ҳамчун мутахассиси босавод саҳми хешро барои боз ҳам ободу зебо гардонидани давлатамон бигузорем.

Кавкаб-бале, ситораест дар самои чашмрас дурахшону нурбор мисоли нодираи пурганҷ, ки ҳар лаҳза ҷило медиҳад. Ман ҷавониро ба кавкаб мисол кардам. Ҷавоне, ки дорои обрӯву нуфуз ва номбардори халқу миллати хеш аст, пас, ӯ ахтари тобандаи самост. Имрӯз мо-ҷавонони зодаи истиқлол, шуҷоатмандем, пас, роҳи ростро пеша кунем. Чунончи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: Ҷавонони мо нуруи пебаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад”

То ҳол кишварҳое, ҳастанд аз оромӣ ва сулҳ сухане наметаовнанд гӯянд, ҳатто барои бархе миллатҳо калимаи истиқлолият, озодӣ ва осоиштагӣ куллан мафҳуми бегона гардидааст. Пас бояд фикр кунем, таҳаммул кунем, зиндагӣ давом дорад. Шукронаи инг миллату ин давлат кунем. Тоҷикистони азизи мо аз қадим то кунун дорои ҷаворнмардони қавии хкд ва ҷонисоркунанаи худ буд ва ҳаст. Мо ҷавони ин марзу бум баҳри пойдор нигоҳ доштани арзишҳои миллӣ, соҳибистиқлолӣ, таъриху тамаддунамон ҷаҳд намоем.

Ҷавониро қадр кардан ва аз ин давра хотироти пурсамарро боқӣ гузоштан кори товоннову бузургест. Аз ин рӯ, мо, ҷавонони саодатманди Тоҷикистон, бояд бо сари баланд ва ифтихори беҳамтои ватандорӣ роҳ сӯйи амалӣ гардонидани орзуҳои хеш пеш гирем ва кишвари ҳамешабаҳорамонро номдору обод созем. Он гоҳ ҳамчун як ҷавон саҳми хешро гузошта метавонем. Биштобем, ки фардо дер хоҳад шуд.

 

Мутахасисси пешбари