Чоп

Терроризм ва экстремизм – вабои аср

«Имрӯз  терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст,  - исҳор намудаанд Президенти мамлакат. – Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд».

Акнун ба рафтору кирдор ва амлҳои он номардоне, ки хиёнат ба дину Ватану миллат ва фарҳанги хеш кардаанд, назар андозем, чӣ мебинем. Танҳо куштор асту хунрезӣ, ғорату тасрруф ва зулм бар занону кӯдакон.

Дар ҷомеаи имрӯза садҳо ҳизб, созмон ва ҳаракатҳои иртиҷоӣ номи исломӣ гирифта, барои ба сари қудрати сиёсӣ омадан ва ноил шудан ба ҳадафҳои шахсӣ худ аз хунукназарӣ ва тундравии ҷавонон ё умуман аз уммати ислом  истифода намуда, нерӯҳои имониро дар ин самт истифода мекунанд.

Ин ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ таҳдид ба суботу амният ва тинҷии кишвар намуда, дар миёни инсонҳо тухми низоъ мепошанду гуё уммати исломро даъват ба ҷиҳод менамоянд.

Ин афроди гумроҳ аз номи дини поки ислом сухан карда бо мақсади расидан ба ҳадафҳои худ сабту нашри ҳар гунна маводро дар шакли дискҳову китобҳо ва рӯзномаву маҷаллаҳо, ки моҳияти экстремистиро дар бар мегирад, ба роҳ мемонанд ва ба ин васила худро ҳамчун ходими дин ва фидоии роҳи ислом муррарифӣ намуда, симои аҳли ин дини покро манфур нишон медиҳанд. Оё дар исломи онҳо тарс аз Худо вуҷуд надошта бошад, ки ҳамеша ба зулму ғорат ва тарсонидани мардум машғуланд. Оё аз ин гуфтаи Пайғамбари хеш (с.)  ғофиланд, ки фармудааст: «Бадтарини мардум дар нази Худованд касоне мебошанд, ки мардум аз бадии ӯ дар ҳазар бошанд».

Мудири бахши кор

бо занон ва оила                              З. Бойзоқова