Чоп

Ифротгароӣ хатар ба халқу Ватан

Яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Ин зуҳуроти номатлуб боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш–таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зараривазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Ифротгароии динӣ аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъолияти бо дин рӯйпӯшкардашудае аст, ки зӯран ғасб намудани ҳокимият, халалдор кардани истиқлолият ва якпорчагии давлат бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона шудааст.

Дар акси ҳол, надонистани сарнавишти таърихи миллати худ, фориғболию бехабарӣ ва носипосӣ нисбат ба мероси маънавӣ –фарҳангии он шахсро бо инкори ҳақиқат гузошта, ба бегонапарастию қадр накардани қиммати дастовардҳои истиқлолияти миллӣ оварда мерасонад. Ифротгароӣ зарар ба худу ба халқи Ватани худ мебошад.

Яке аз омилҳои зуҳури ифрот ва ифротгароиро соҳибназарон дар масофаи холии инсон то ба маърифатнокӣ медонанд. Яъне замоне, ки инсон аз илму амали дунявият дурр мешавад, даст ба кори дигар ва эътиқод ба иродаи эҳсос медиҳад.

Душманони миллати мо мехоҳанд, ки айнан чунин ҳолат дар Тоҷикистон низ рух диҳад. Имрӯз хатари терроризм ва экстремизм дар кишварҳои Осиёи Миёна бараъло эҳсос мешавад. Мо бояд ҷавононро дар руҳи ватанпарварӣ ва ахлоқи ҳамида, дӯст доштани халқу миллати худ тарбият кунем. Яке аз омилҳои муҳими мубориза бар зидди ифротгароӣ дарки аҳамияти омӯхтани фарҳанги миллӣ ва арзишҳои воқеии исломӣ дар тарбияи ватанпарварӣ- руҳияи меҳнатпарастӣ мебошад.

Ҳамаи бузургони адабиёти мо ба ватандӯстию ахлоқи пок инсониятро талқин кардаанд. Ҳар касс аз Ватани худ рӯй гардонад, нафратзадаву бенангу номуси халқу Ватан мебошад.

Паёмбарамон ҳазрати Муҳаммад дӯст доштани Ватан ва халқи худро дар ҳадиси худ борҳо таъкид кардаанд: - Ҳуббул Ватан, Ҳуббулбашар, ватани худро дӯст доред ва ризқу рӯзии худро аз он ҷо биҷӯед.

Дар калом панду ҳикмат ва ҳақиқат айният доранд. Агар инсон озодии иродаро эътироф кунад, ба аҳлу хирад такя менамояд. Шахси ахлоқӣ будан аз ваҳдати хираду эътиқод бармеояд.

Аз ин рӯ ҳашёрӣ ва зиракиву худшиносӣ метавонад аз омилҳои пешгирикунандаи ифротгароӣ шавад.

Сармутахасси бахши фарҳанг                                       Ғозибекова С.