Чоп

Ба қадри тинҷиву оромии Ватан бояд расид

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки имрўз барои пешравии халқи худ саъю кўшиши зиёд карда истодаанд, мо низ ҳамчун фарзанди вафодору ватандўст ҳамнафасу ҳамқадами Пешвои муаззами миллат бояд бошем. Аммо хоинони миллат ба халқу милати мо бо чашми ҳасад нигариста, мехоҳанд ҷавонони гумроҳро ба доми худ кашанд.

Он шахсоне, ки имрўз ба ҳиллаву фиреби он ифродгарон ба домашон меафтанд, ба онҳо хизмат ва аз қафои онҳо худро то таркондану худкушӣ мебаранд. Оё ин аз ҳама гуноҳи бадтарини олам нест? Ҳоло ҷангҳои хонумонсўзе, ки дар солҳои 1991-1996 шуда гузашт модари меҳрубонро аз фарзанд ҷудо сохт, ашки онро рехт ҷавонмардонро ба хок яксон карда буд.

Мо намехоҳем, ки ба кишвари зебову ободамон зараре бирасад. Мо омўзгорон имрўз насли наврасро бо роҳи некиву ватанпарварӣ ҳидоят намоем, ба дили онҳо муҳаббати ватандориро пайдо кунем, ки онҳо дар оянда ба доми ин гуна ифродгароиҳо ҳамроҳ нашаванд. Мо ҳамроҳ бар зидди ин ифродгарон мубориза барем. Барои ҳамин ҳам мо бар зидди ин ифродгарон, ки имрўз вабои аср ба дили ҳама ғулғула андохта аст бар зиди ин палидони пастарини ҷахон бароему халқи худро аз онҳо ҳимоя намоем. Мо бояд зидди онҳо баромада барои шукуфоии давлати худ саҳми арзандаи худро гузорем.

Омўзгори МТМУ №1 Турдибоева Г.