Чоп

Эктремизм ва терроризм имрўз аксари ҷомеаи ҷаҳонро фаро гирифта, ба хатари бузруги сайёра табдил ёфтааст. Моро зарур аст, ки барои бартараф кардани ин вабои аср мубориза барем. Бояд гуфт, ки дар кишвари мо низ ин ҳаракатҳои ифротгароӣ ва тундравӣ ҳамчун мушкилоти асри навин мешиносанд ва оид ба ин хатарҳо доимо тавассути васоити ахбори омма (ВАО) мардумро аз рафти ин равандҳо ҳушдор менамоянд. Зеро тибқи он тамоми проблемаҳое, ки дар ҷомеа мавҷуд аст, барои ифротгаро шудани ҳар як фарде, ки дониши кофии динию дунявӣ надорад ва мақсади асосии шомил шуданро дар ин гурўҳҳо надорад, мусоидат хоҳад кард. Аз ин рў, коршиносон бар ин назаранд, ки муборизаи ҳар яки мо бар зидди ин гуна равандҳои номатлуб бояд системанок ва доимӣ тавассути корҳои фахмондадиҳӣ (профилактика) ва ахбори омма (ВАО) суръат гирад. Дар робита ба ин масъала ва роҳҳои муосири мубориза бар зидди ин равандҳои номатлуби ҷомеа тавассути системаҳои ахбори ҷаҳонӣ доимӣ ва босуръат бошад. Дар охири асри Х1Х ва аввали асри ХХ терроризми этникӣ – динӣ ва терроризми байналхалқӣ ба вуҷуд омадаанд. Барои тайёр кардани амалҳои террористӣ шахсони алоҳида ба корҳои ҷамъиятӣ, иқтисодӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дохил гардида, барои амалиётҳои террористӣ замима тайёр мекарданд.

Мо омўзгорону волидонро зарур аст, ки фарзандони худро дар руҳияи ватандўстӣ, садоқат ба Ватан, инсондўстӣ ва хештаншиносӣ тарбият намоем.

Омўзгори МТМУ №2