Чоп

Дўст бош, безарар бош!

Тавассути воситаҳои ахбори иҷтимоӣ аён гардид, ки шаби 27-уми январи соли ҷорӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон ба самти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сўи сокинони маҳаллӣ, воситаҳои нақлиёт ва иншооти гуногуни инфрасохторӣ тирборони шадид карда, ҳатто дидбонгоҳҳои сарҳадӣ аз минамиётҳо тирборон карда шуд. Дар натиҷа аз тарафи Тоҷикистон 1 нафар кушта, 17 нафар захмӣ карда шуданд.

Сабаби сар задании муноқишаҳои ду тараф, гўё ки як гурўҳ аз шаҳрвандони Қирғизистон, дар болои пули наздикии деҳаи Хоҷа Аъло мошини тамғаи «Портер»-и шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рег мекашонд, маҷбуран боздоштанд, гуфта мешавад.

Мўҳтарам қирғизҳо!

Тоҷикон ва қирғизҳо ҳамсоягони чандинасра мебошанд, то имрўз дар байни онҳо дўстиву рафоқат ҳукмфармо буд. Биёед, ба ҳар гуна баҳонаҳо дар байни ду миллат рахна наандозем. Дўстиву якдигарфаҳмиро идома диҳем!

Рўзномаи «Чашмаи Шаҳристон»