Чоп

Ифротгароӣ хатар ба халқу ватан

Яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Ин зуҳуроти номатлуб боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид ё истифодаи зўроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Душманони миллати мо мехоҳанд, ки айнан чунин ҳолат дар Тоҷикистон низ рух диҳад. Имрўз хатари терроризм ва экстремизм дар кишварҳои Осиёи Миёна бараъло эҳсос мешавад.

Мо бояд ҷавононро дар рўҳияи ватанпарварӣ ва ахлоқи ҳамида, дўст доштани халқу миллати худ тарбият кунем. Яке аз омилҳои муҳими мубориза бар зидди ифротгароӣ дарки аҳамияти омўхтани фарҳанги миллӣ ва арзишҳои воқеии исломӣ дар тарбияи ватанпарварӣ-рўҳияи меҳнатпарастӣ мебошад.

Омўзгори МТМУ №6 Д.Абдуқодирова