Чоп

Вусъати корҳои созандагию ободкорӣ

Сокинони деҳаи Ободии Ҷамоати деҳоти Бунҷикат бо руҳияи баланди ифтихори миллӣ ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корҳои созандагию бунёдкорӣ машғул буда, азм доранд, ки то таҷлили ҷашн манзилҳои истиқоматиро таъмир, рангубор ва деворҳои иҳотакунандаи манзили зисти худро бо истифодааз хиштҳои семонтӣ азнавсозӣ намоянд.

Чунин иқдомҳои созандагию бунёдкорӣ дар дигар деҳаҳои ноҳия низ бо маром идома доранд.