Чоп

Ҷавонон бар зидди терроризму экстремизманд

Бо таъсири интернет, шабакаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои иттилоотӣ иддае аз ҷавонони сустиродаву ноогоҳ ба доми тазвири гурўҳҳои манфиатҷў афтида, ба миллату Ватани худ хиёнат менамоянд, обрў ва мақоми мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ паст мегардонанд. Онҳо ҷони худро дар хатар гузошта, ба хотири ваъдаҳои бардурўғ ҳаёти худро барбод медиҳанд ва волидайну наздиконашонро дар миёни ҷомеа шармсор мегардонанд.

Ҷавононе, ки ба бекорӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ гирифторанд бештар ба гурўҳҳои террористӣ шомил мешаванд. Шахсоне, ки онҳо масъул ба воридшавии ҷавонон ба гурўҳҳои террористианд, бо суханони зебо ва боварикунонанда сухан мегўянду мафкураи ҷавонони соддаро ба пуррагӣ иваз мекунанд ва онҳоро чун ашё барои нафъи худ истифода мебаранд.

Бояд ҷавонон ин гуфторҳоро ҳамеша дар хотир нигоҳ дошта, амалҳои солеҳро ба анҷом расонанд. Ба ҳизбу ҳаракатҳои зараровар ба монанди «Ал-Қоида», «Толибон», «Бародарони мусалмон», «Ҳаракати исломии Узбекистон», «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Салафия», «Ҷамоати таблиғ», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Ҷабҳат Ан-Нусра», «Гурўҳи-24», «Ҳизби наҳзати ислом» ва ғайра, ки дар шабакаҳои мухталифи иҷтимоӣ ғайриқонунӣ амал мекунанд , шомил нагарданд.

Бисёре аз ҷавонони содда ба доми ин гурўҳҳои бадхоҳ тавассути шабакаҳои интернетӣ гирифтор мешаванд. Онҳо маводҳои таблиғотиашонро дар сомонаҳо паҳн мекунанд ва ҳамагонро фирефтаи суханони бардурўғи худ месозанд. Махсусан ҷавонон, ки мафкураи онҳо ба пуррагӣ мустаҳкам набуда, зудбовар мебошанд, ақидаи ифротгароёнро қабул менамоянд.

Мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки ҷавонони Тоҷикистон ба ин суханони ғаразонаи хоинони миллат таваҷҷўҳ намекунанд ва барои Ватан, Модар ва Тоҷикистони азиз ҳамеша содиқонаву софдилона хидмат менамоянд.

Ҷонишини директори

МТМУ №20 д. Фирдавсӣ Маҳмудов Ю.