Чоп

Хиёнат ба Ватан

Хиёнати Муҳиддин Кабириро тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон медонанд ва бар хаққи ў лаънатҳо мехонанд. Ин нохалаф манфиатҳои миллии ҳамзабон ва хамдиёрони худро нодида гирифта, ба амболи ношоям даст задааст. Агар ба шахсияти Муҳиддин Кабирӣ назар афканем медонем, ки як шахси нотавонбин ва дур аз фаҳмиши дини Ислом мебошад. ў нисбат ба дини Ислом кўр-кўрона муносибат мекунад ва ғазаби Худоро меорад, ки оқибаташ талх аст. Мардуми сарбаланди миллати тоҷик дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қодир аст, ки дар муқобили ҳама гуна ҳизбу ҳаракатҳои дини-ифротӣ, аз ҷумла ташкилоти ифротии ҲНИТ, истодагари карда, Ватану миллати худро аз таҳдидҳои онҳо ҳифз намояд.

Бозичаи дасти дигарон аст Кабирӣ,

Овораву сарсони ҷаҳон аст Кабирӣ.

Пушт бар дари Эрону рў ҷониби Аврупо,

Душмани миллати тоҷик аст Кабирӣ.

Хоини Ватан модару яғмогари хоку фар,

Раққосаву бе шарму ҳаё аст Кабирӣ.

Имон ба рўҳониву сидқ ба Эрон,

Мақсади ноором созтани Тоҷикистон дорад Кабирӣ.

Бе Ватану баҷобурдани фармони хоҷагон,

Ҷуз хоинии ватан ба касе лозим нест Кабирӣ.

Муҳиддин Кабирӣ дар Тоҷикистон ба терроризм ва ташкили исёни мусаллаҳона айбдор карда мешавад аз кишвар фирор кардааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷустуҷўи ин сиёсатмадор ба ширкати байналмилалӣ муроҷиат намудааст. Рўзҳои охир як гуна, ба истилоҳ, «ҷон гирифтан»-и фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба назар мерасад. Аз ҷумла ин ҳизб аз Кумитаи радио ва телевизион талаб кард, ки барояш дар телевизионҳои давлатӣ вақт ҷудо кунанд, то ба матолиби онҳо алайҳи ҳизб посух гўянд. Ҳамчунин аз Комиссиёни марказии интихобот ҳизб тақозо кард, ки шароити ҷамъ овардани имзоҳоро рўшан кунад. Ва ниҳоят Шўрои сиёсии ҲНИ эълом дошт, ки дигар дар интиқод аз сиёсатҳои нокоми Ҳукумати Тоҷикистон лаҳни шадидтар хоҳад гирифт. Мо мардуми шарафманди тоҷик ба ин рафтору кирдорҳои ғаразонаи Кабирӣ заррае ҳам парвое надорем ва намегузорем, ки нохалафе ба кишвари азизамон Тоҷикистон халал ворид намояд.

Директори МТМУ №8 Р. Муҳитдинова

Омўзгори фанни таърих Н.Сувонов