Чоп

Паёми

табрикии раиси ноҳияи Шаҳристон Баҳодур Акрамзода ба

муносибати Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони азиз!

Ҳар сол санаи 5 октябр дар кишвари маҳбубамон Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад.

Боиси зикр аст, ки забони тоҷикӣ то ба имрўз ба шарофати хизматҳои бузург, заҳматҳои бедареғ ва корнамоиҳои беназири фарзандони халқи тоҷик аз Исмоили Сомониву устод Рўдакӣ то устод Айниву Бобоҷон Ғафуров бо ҳамон гунаи асилу ноб, бо ганҷинаи ғаниву рангини калимаву истилоҳот ва таъбиру таркиботи зебову дилчасп то ба рўзгори мо расидааст.

Забон рукни асосии миллат ва давлат буда, миллату давлат пуштибони забон мебошанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нахустин рўзҳои даврони истиқлол барои инкишофи забони миллӣ дар мақоми забони давлатӣ аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, мақоми забони тоҷикиро ҳамчун забони давлатӣ баланд бардоштааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба мақом ва ҷойгоҳи ин рукни муҳими давлатдорӣ чунин гуфтаанд: «Имрўз забони тоҷикӣ ба ҳайси забони миллӣ ва давлатӣ дар мақоми забони сиёсат, илму фарҳанг, қонунгузорӣ, равобити дипломатӣ, тиҷорат ва дигар воситаҳои иртибот қарор дорад. Муҳимтар аз ҳама имрўз забони давлатӣ дар кишвари азизамон ба рамзи ҳамбастагӣ ва иттиҳоди воқеии тамоми сокинони Тоҷикистон мубаддал гардидааст».

Боиси ифтихор аст, ки давлати соҳибистиқлол ва забони давлатдории моро чандин давлатҳои ҷаҳон ба расмият мешиносанд.

Дар минбарҳои бузурги ҷаҳонӣ чандин маротиба Суруди миллии мо бо забони давлатӣ садо дода, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдому ташаббусҳои наҷиб, махсусан дар масъалаҳои марбут ба об ва дигар масъалаҳо баромад намуда, шуҳрати Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд намудаанд.

Ҳамдиёрони азиз!

Дар замони ҷаҳонишавӣ эҳтиром ва арҷгузорӣ ба ин рукни муҳими миллатсоз, эҳёи арзишҳои маънавии миллӣ, таъмини рушди ҳамаҷониба ва ҳимояи забони тоҷикӣ, истифодаи он дар тарбияи маънавии инсонҳо, риояи меъёрҳои забони адабӣ, муаррифӣ, таблиғи забони давлатӣ ва ҳифзи истиқлоли фарҳангӣ вазифаи аввалиндараҷа ва рисолати ҳар як соҳибзабон аст.

Боварии комил дорам, ки таҷлили ин санаи муҳими таърихӣ дар замони пурзўр гардидани раванди ҷаҳонишавӣ, ки ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ вазифаи асосӣ ба ҳисоб меравад, ба ҳар як сокини мамлакатамон дар роҳи шинохти асолати миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ руҳу илҳоми тоза мебахшад ва минбаъд низ забони давлатиро эҳтиром ва мисли сарвати гаронбаҳотарин гиромӣ медорем.

Бо шукронаи соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон фарорасии Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли сокинони ноҳия табрику муборакбод намуда, ба ҳамаи шумо тани сиҳату хотири ҷамъ, забони шевою гўё таманно дорам.

Бигзор, рўзгоратон пур аз шодиву нишоти маънавӣ, лабрез аз муваффақияту комёбиҳо бошад.

Рўзи забони давлатӣ муборак, ҳозирини муҳтарам!