Чоп

Қадамҳои устувор

Ҷараёни сафари кории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ноҳияҳои Дарвоз, Роштқалъа, Шуғнон, шаҳри Хоруғ ва баргузории гузашти низомиро дар ноҳияи Дарвоз тавассути оинаи нилгун тамошо карда, ба чунин хулоса омадам, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол рўз аз рўз бо қадамҳои устувор пеш рафта истодааст. Зеро ки ҳар рўз дар тамоми минтақаҳои ҷумҳуриамон чандин иншоотҳои таъиноташон гуногун ба истифода дода шуда, ба беҳбудӣ бахшидан ба зисту зиндагонии сокинони мамлакатамон мусоидат менамояд.

Чунин пешравиҳо гувоҳи он аст, ки бо дурахши нури хуршеди истиқлол Тоҷикистони маҳбуби моро ояндааш дурахшон аст. Мо бояд ба қадри чунин пешравиҳо, тинҷиву осудагӣ расида, бо назардошти вазъи кунунии ҷаҳони муосир ҳамеша зирраку ҳушёр бошем.

Бо ифтихор гуфта метавонем, ки мо Артиши миллӣ дорем ва он дар ҳама ҳолат Истиқлол ва тамомияти арзии Тоҷикистонро ҳифз менамояд.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи

Раиси ноҳияи Шаҳристон И. Шоаҳмедов