Чоп

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ МУШКИЛОТИ

АСОСИИ ҶОМЕАИ МУОСИР

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвоимиллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмондоир ба ин масъала, ки дарди рўз мебошад, чунин иброз менамоянд: «Имрўз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ва амнияти чаҳон ба ҳар як сокини сайёра тахдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».

Терроризм чист ва террорист кист? Истилоҳи «терроризм» (аз калимаилотинии «terror») бармеояд ва маънои «тарс ва ваҳм»-ро дорад. Террорист нафарест, ки мақсаду мароми худро бо роҳи зўравонӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ месозад.Бомақсади решакан намудани терроризм соли 1999 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» қабулкарда шуд. Тибқи ин қонун, терроризм – зўроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба шахсони воқеи, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба шахсониҳуқуқӣ, ҳамчунин, нобудсохтани амвол ё ин ки дигар объектҳои моддии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро маҳкум месозад. Муборизаалайҳи терроризм ва экстремизм натанҳо вазифаи равшанфикрон, балки вазифаи ҳар фарди ватандўсту инсондўст, ҳар шахси комили ҳуқуқӣ ҷомеааст.

Аз байнбурдани ин зуҳуроти номатлуб корӣ осон нест, вале имконпазираст. Қадами аввалини дар ин роҳ ҳарчӣ бештар бо саводу маърифатнок гардидани ҷавонон мебошад.