Чоп

Терроризм ва экстремизм

Агар ба таърих назар афканем, олам дар ҳар як зинаи тараққиёт дучори ҳазорон падидаҳои ғайримуқаррарӣ гардидааст ва баъзе ин падидаҳо худ омили ба вуҷуд орандаи зинаи нави рушди олам будаанд. Инқилоб, муборизaҳои озодихоҳонаи халқу миллатҳо, намоишҳои эътирозӣ, гирдиҳaмоиҳои оммавии баҳри ислоҳоти соҳаҳои мухталифи ҳаёт дар ҳар як гўшаи  олам сар задаанд ва ҳатто аз доираи як давлат берун баромада, мувофиқи дaраҷa  вa хaрактери зоҳиршaвии худ тағйироти ҷузъиву куллиро дар олам падид овардаaнд.

Муфассал...
 
Чоп

Терроризм ва маънои он

Истилоҳи «терроризм» (аз калимаи лотинии «terror») гирифта шуда, маънояш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, ва тарсу ваҳм амалӣ созанд.

Терроризм ба ҳадде вусъат ёфт ва густариш пайдо кард, ки оламиёнро водор намуд барои мубориза бо он ба ҳам оянд. Даҳҳо иттиҳодҳо ва паймонҳои мубориза зидди терроризм ташкил шуданд, ки онҳо аз ҷониби  ИМА ва Русия барин қудратҳои атомии олам сарварӣ мешаванд. Ва даҳҳо кишварҳои муқтадиру даҳҳо мамолики дигар ба ин паймонҳову ба ин иттиҳодҳо пайвастанд, то ҳиссагузори коҳиши хатари терроризм дар олам бошанд. Тоҷикистон  низ чун узви ҳамин ҷомеаи  байналмилалӣ дар ҳамин муборизаҳо шарик аст.

Муфассал...
 
Сахифаи 17 аз 230