Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон

Авг27

Терроризми байналмилалӣ ба як чузъи бозиҳои геополитикӣ табдил ёфтааст.

Терроризми байналмилалӣ ба як чузъи бозиҳои геополитикӣ табдил ёфтааст.

21 майи соли 2019 Асосгузори сулху вахдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалӣ Рахмон дар расми ифтитохи чаласаи 46-уми Шӯрои рохбарони макомоти амниятӣ ва хадамоти махсуси давлатхои аъзои Иттиходи Давлатхои Мустакил иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сарвари давлат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон дар огоз ба рохбарияти кишвархои ИДМ барои хамкорӣ ва сахми муносиб дар тахкими амнияту суботи давлатхои хамдигар изхори сипосу миннатдорӣ карданд.

Тавре таъкидгардид,чаласаи роҳбарони макомотӣ амниятӣ ва хадамоти масуси давлатҳои аъзои Иттиходи Давлатҳои Мустақил дар шароит нихоят мураккаби авзои сиёсию амниятии минтақавию байналмилалӣ баргузор гардид ва рушду тавсеаи бештари хамкориҳои давлатхои аъзои ИДМ-ро дар самти таъмини амнияту суботи минтака такозо менамояд.

Муфассал...
 
Авг14

Ватанро ҳифз намоем!

Ватанро ҳифз намоем!

Хоки поят дӯстдорад чашми ман,

Нест айб, эӣ дӯстон, Ҳуббулватан.

Экстремизм – ин изҳори фаъолияти ирфотии шахсони щаразнок ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти кониститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани наҷотпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ мазҳаби мебошад. Дар замони мо, ки пур аз тозад мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан густариши экстремизму терроризм ва дигар зуҳуроти падидаҳои номатлубу хатар афзо зиёд ҳарф задан ва навиштан мумкин аст. Аммо таҳти маънии аслии калимаи «Экстремизм» танҳо мафҳумҳои – ифратгароӣ, тундиравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тунд равона, аз худ гузаштан, дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст.

Таърихи андешаю афкори инсонӣ исбот менамояд, ки илму дониш таълиму тарбия ҳеҷ вақт душманӣ дину имон набуда, балки бар зидди хурофот, кӯҳна парастӣ, бофтаҳои баъзе диндорони бесавод буд. Ягон мутафаккир ё донишманди замони гузашта ва муосир низ бар зидди дин набаромадааст, балки хурофот, нодонӣ, ҷаҳолотро зери интиқод қарор додааст.

Ҳаёти инсон аз шодию фараҳ, дардущам, мусибату хушбахтӣ иборат аст. Вале дар ин муддати кӯтоҳ ҳар кас вобаста ақлу заковат, сатҳи маънавият, шуур, хулқу рафтори шоиста ва ношоистааш зиндагиашро метавонад талх ё хушугуворо гузаронад. Масалан, агар умри инсонро 70 – сол шуморем, тақрибан 20 соли барои ба камол расидану омӯхтани илм ва аз худкунии таҷрибаи ҳаётӣ сарф мешавад.

Ин фурсат бояд ба талоши илм, дарёфти ризқу рӯзии ҳалол, тарбияи насли ҷавон, роҳнамоӣ ба покизагӣ, кӯмаки моддию маънавӣ ба мӯҳтоҷону ниёзмандон сарф гардад. Анҷом додани чунин тадбирҳо барои ҳар шахс лаззати маънавӣ мебахшад.

Яке аз сабабҳои тақсимшавии ҷомеаи мусалмонон ин гурҳсозӣ ва парокандагӣ мебошад. Дар ин замина Пешвои миллат дуруст мегӯянд, ки «Террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад!». Аз ин лиҳоз, моро зарур аст: баҳри пешгирии ҷавонон аз гироиш ба ҳар гунна ҳизбу ҳаракатҳои тундрав бо роҳҳои фаҳмонидадиҳӣ зеҳнияти ҷавононро ба он равона созем, ки дар устувории сулҳу субот ва тинҷиву оромии ҷомеа саҳми фаъол гузоранд.

Мо бояд Ваҳдати миллиро пок дошта, қадри ин неъмати бебаҳо бирасем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем.

-  Ҷавонони азиз! Биёед сазовори боварии Пешвои миллат ва муаррифгари кишвари маҳбубамон бошем!!!

Омӯзгори  забони  давлатӣ  МТМУ №16:  Субхонов  Ҷӯрабек.

 
Авг14

«Паймони миллӣ» доми фиреби ТТЭ ХНИ аст!

«Паймони миллӣ» доми фиреби ТТЭ ХНИ аст!

Мо, омӯзгорон созмон ёфтани иттиҳоди «Паймони миллӣ»-ро аз пашша фил сохта истодани Кабирӣ медонем найранги навбатии мухолифини ҳукуматро махкум мекунем. Аввал ин ки ин чор нафар ҳуқуқи аз номи миллати тоҷик баромад кардан надоранд. Онҳо ҳақ надоранд худро ҳамчун намояндаи миллати тоҷик муаррифӣ кунанд. Сониян идеяи таъсис додани иттиҳоди мазкур аз андешаву ақидаи душманони миллати тоҷик ва мардуми Тоҷикистон об мехурад ва бинобар ин, он мақсади нафъ расонидан ба Тоҷикистон ва сокинони онро надорад, балки баръакс, барои заиф намудани пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ таъсис дода шудааст. Созмондиҳандагони иттиҳоди мазкур мехоҳанд бо ин иқдоми фиребанда усули нави авомфиребонаи худро роҳандозӣ кунанд. Онҳо зӯр зада, бо ҳазор дурӯғу фитна ҳукуматро айбдор мекунанд ва даъвои сулҳу субот доранд, вале чӣ гуна сулҳ? Бо кӣ? Оё дар Тоҷикистон сулҳу оромӣ нест? Балки ин муддао бо пиёда кардани нақшаву ниятҳои зишташон суботи ҷомеаро ноором кардан мехоҳанд. Кору амали онҳо тибқи дастуру роҳнамоии душманони хориҷии миллат ба роҳ монда шудааст ва инро халқи кишвар ба хубӣ медонад. Симои манфури роҳбарияти ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом, ба сари миллати тоҷик бадбахтиҳои зиёд овардани он ва мазҳабфурӯшии аъзояш аз чашми мардум пинҳон намондааст. Ин ҳизби ба ном исломӣ аз рӯзи ташкил гардиданаш то ҳол ба халқу Ватани мо заррае фоида наовардааст, балки зарару зиён оварда, худро дар таърихи миллати мо ҳамчун ватанфурӯш нишон додааст. Иғвоангезии навбатии онҳо бори дигар ин маъниро таъкид мекунад. Пешрафту ободии имрӯзаи Тоҷикистон, рушди босуръати иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвари азизи мо дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ боиси қаноатмандӣ ва сарфарозии ҳар як тоҷику тоҷикистонист. Ҳамватанони худогоҳи мо ҳаргиз фирефтаи даъвоҳои пуч ва суханони фиребандаи се-чор ҷоҳталаб намегарданд. Ин дасисабозон, ки аз фармоишоти хоҷагони хориҷии худ як қадам берун намемонанд, асло дар пайи ободии Ватан набуданд ва нестанд. Мову шумо, ки на як бору ду бор шоҳиди фитнакориҳои ин гуна ашхос ва пуштибонҳои бадасли онҳо гардидаем, оқибатҳои даҳшатбори ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро аз ёд набурдаем ва ҳеҷ гоҳ иҷозат намедиҳем, ки онҳо иттиҳоду истиқлоли моро барҳам зананд.

Ҷонишини директор оид ба корҳои тарбия: И. Аслонов

 
Авг14

Хоинони миллат ба мақсад намерасанд!

Хоинони миллат ба мақсад намерасанд!

Андеша. Тоҷикистон бо дили пур ва бо орзуи огоҳи пайдо намудан аз таърих ва фарҳанги миллии тоҷикон ба сарзамини бостониамон қадам мениҳад. Аммо сад афсус, ки чунин пешравиро хоинони миллат дида натавониста, обрӯю эътибори моро дар байни давлатҳо паст задани мешаванд.

Муфассал...
 

Шаҳристон